29 Сентябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
04.08.2025 16:24

Дар ним сол дар Тоҷикистон 11 кас худкушӣ карда ва 91 нафар ғарқ шудаанд

Дар ним соли аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 91 ҳодисаи ғарқ шудан дар обанборҳо ба қайд гирифта шуда, 91 нафар ҳалок шудаанд. Ин хабар дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда дар миёни ҳалокшудагон 22 зан ва 69 мард мебошанд. Дар вилояти Хатлон шумораи бештари ҳалокшудагон 41 нафар сабт шудааст.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 14 нафар, дар вилояти Суғд 17 нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 нафар ва дар шаҳри Душанбе 7 нафар ғарқ шудаанд.

Бар асоси синну сол афроди ҳалокшуда то 4-сола  10 нафар, аз 5 то 10-сола  18 нафар, аз 11 то 16-сола 17 нафар, аз 17 то 35-сола 30 нафар, аз 35-сола боло 16 нафар мебошанд.

Ба гуфтаи Раҳмоналӣ Раҷабзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар давраи зикршуда кормандони Кумита 20 нафарро аз ғарқ шудан наҷот додаанд.

Бар асоси ҳисобот омилҳои марг ба таври зерин ҷудо шудаанд: 18 нафар бинобар риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудаанд, 15 нафар бар асари беэҳтиётӣ, 4 нафар ба хотири набуди назорати волидайн, 12 нафар дар натиҷаи ҳодисаҳои нақлиётӣ, 11 нафар худкушӣ кардаанд, 3 нафар дар ҳолати мастӣ будаанд ва 8 нафар бо сабабҳои номаълум ҷон додаанд.

Кумита ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки дар вақти наздик будан дар назди обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва ба фарзандони худ ин қоидаҳоро ёдрас шаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.