31 Октябр 2026,
шанбе, 10:55, Душанбе
01.08.2025 10:54

Навсозии неругоҳи Қайроққум бо таҷҳизоти муосир идома дорад

Дар Неругоҳи барқи обии Қайроққум корҳои навсозӣ ва насбу васли таҷиҳоти муосир бомаром идома доранд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд лоиҳаи навсозӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, як қадами муҳим дар самти рушди низоми энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.

Неругоҳи Қайроққум яке аз иншооти муҳимми энергетикӣ буда, аз 6 гидроагрегат иборат аст. Аз замони ба истифода додани охирин агрегат дар соли 1957 таҷҳизоти асосии неругоҳ фарсуда шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 21 МВт то 12 МВт коҳиш ёфта буд.

Дар баробари таҷдиди агрегатҳо як қатор таҷҳизоти муҳимми неругоҳ, аз ҷумла дастгоҳҳои идоракунӣ, трансформаторҳо ва системаҳои назорату автоматика бо таҷҳизоти муосир иваз карда шудаанд. Ин таҷҳизот асосан аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо ворид гардидааст.

Ҳамзаамон ба ҷои дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220/110 кв, дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ насб карда шуд, ки сатҳи бехатарӣ ва самаранокии интиқоли неруи барқро ба таври назаррас беҳтар мекунад.

Раиси вилояти Суғд дар ҷараёни боздид рафти навсозӣ ва раванди татбиқи лоиҳаҳоро мусбат арзёбӣ намуда, онро иқдоми саривақтӣ ва зарурӣ дар роҳи таъмини амнияти энергетикии кишвар номид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
30.10.2026 17:44

Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон мегӯяд, ки муноқишаи Эрон ва ИМА роҳи ҳалли низомӣ надорад. Ба гуфтаи ӯ, идомаи даргириҳо то кунун ба Аврупо беш аз 100 миллиард евро зарар расонидааст.
30.10.2026 13:10

Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 30-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави муассисаи давлатии Маркази аутизм дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
30.10.2026 12:41

Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад

29-уми октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.