Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Умедвории Лавров ба ширкати Аҳмад аш-Шаръ дар нишасти Маскав
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки умедвор аст Аҳмад аш-Шаръ, роҳбари ҳукумати муваққатии Сурия барои давраи гузариш дар иҷлоси сарони Русия ва кишварҳои араб, ки моҳи октябр дар Маскав доир мешавад, ширкат кунад.
Ин изҳорот дар пайи мулоқоти Лавров бо вазири корҳои хориҷии Сурия Асъад аш-Шайбонӣ дар Маскав садо дод. Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаи муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақаиро баррасӣ карданд.
Аҳмад аш-Шаръ, ки пас аз шиддат гирифтани муноқишаҳо дар вилояти ҷанубии Сувайдо 19-уми июл эълон кард, ки оташбас дар саросари вилояти ҷанубӣ ба иҷро медарояд.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия низ гуфт, ки музокирот бо Аш-Шайбонӣ дар Маскав ба масъалаҳои дуҷониба ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ тамаркуз хоҳад дошт. Ӯ, ҳамчунин, аз вазъи шиддатёфта дар Сурия изҳори нигаронӣ намуда, ҳамлаҳои Исроилро маҳкум кард ва онҳоро нақзи ошкорои ҳокимият ва ҳуқуқи байналмилалӣ хонд.
Тибқи гуфтаи сарчашмаҳои расмӣ, баъд аз суқути ҳукумати Башор Асад даргириҳо миёни аққалиятҳои диниву қавмии Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав идома доранд. Ин гурӯҳҳо бо талошҳои тахриби ниҳодҳои давлатӣ ва тақсими Сурия ба воҳидҳои заиф муттаҳам мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд