29 Сентябр 2026,
сешанбе, 11:39, Душанбе
01.08.2025 08:23

“Тоҷиксуғурта”: Оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ суғурта нашуда буданд, аммо кумак расонида шуд

Шуҳрат Мақсудзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” гуфт, ки ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба маблағи 1 миллиону 186 ҳазору 500 сомонӣ кумак расонида шуд.

Манбаъ афзуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои болозикр кумаки молӣ равон гардид.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” иттилоъ дод, ки бо вуҷуди он, ки оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ дар ин ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод суғурта нашуда буданд, ба онҳо ёрӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ аз рӯйи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ 122 ҳазору 611 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.