Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Раҷаб Аҳмадзода аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар Истиқлол боздид кард
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди корхонаҳои саноатии шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд боздид намуд.
Дафтари матбуоти раиси вилоят навишт, ки корҳои сохтмонии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Истиқлол бо маром идома дорад. Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз рафти бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ дидан карда, ҷаласаи сайёри кориро баргузор намуд.
Раиси вилоят аз майдони бунёди корхонаҳои металлургии ширкати муштараки Тоҷикистион ва Чин дидан кард. Ин лоиҳа бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ татбиқ карда шуда, ба коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металҳои ранга ва қимматбаҳо дар оянда машғул хоҳад шуд. Баъди ба истифода додани корхона 300 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилоят дар ҷараёни суҳбат бо масъулин зарурати истифодаи оқилонаи иқтидори истеҳсолӣ, ба кор даровардани саривақтии корхона ва баланд бардоштани сатҳи музди меҳнатро таъкид кард.
Ҳамзамон, корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли оҳак ба номи “Оҳаки истиқлол” дар масоҳати 55 ҳазор метри мураббаъ идома дошта, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 55 миллион сомонӣ мерасад. Иншоот тавони истеҳсоли 100 ҳазор тонна оҳакро дар як сол хоҳад дошт ва интизор меравад, ки маҳсулоти он ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон содир шавад. Баъди ба истифода додани он 200 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Раҷаб Аҳмадзода ҳамчунин, аз сохтмони корхонаи “Тоҷ-оҳак”, ки бо ташаббуси як соҳибкори маҳаллӣ ва бо сармояи дохилӣ ба маблағи 1, 5 миллион доллари амрикоӣ бунёд мешавад, боздид кард. Тибқи лоиҳа корхона дар як шабонарӯз то 100 тона оҳак истеҳсол хоҳад кард ва корҳои сохтмонӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшуда идома доранд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад