Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ибрози нигаронии Русия аз ҳамлаи дубора ба муассисаҳои атомии Эрон. "Қобили қабул нест"
Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия таъкид мекунад, ки бомбаборон кардани муассисаҳои атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таҳдиди пай дар пай набояд ба як амали муқаррарӣ табдил шавад, зеро чунин иқдом метавонад ба фоҷеаи ҷиддӣ анҷом ёбад.
Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи чоршанбе гуфт, ки Маскав аз таҳдидҳои такрорӣ оид ба ҳамлаи эҳтимолӣ ба муассисаҳои атомии Эрон изҳори нигаронӣ мекунад.
Ба гуфтаи Мария Захарова музокироти сеҷониба миёни Эрон, Русия ва Чин нишон додааст, ки имкони расидан ба созиш дар мавриди Барномаи атомии Эрон вуҷуд дорад, аммо ин фақат ба воситаи музокира ва дипломатия имконпазир аст.
Ӯ таъкид кард, ки барои ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ ду шарти муҳим мавҷуд аст. Расидан ба ҳалли осоишта ва таъмини худдорӣ аз ҳамлаҳои нав ба муассисаҳои атомии Эрон.
Ин изҳороти Маскав дар пайи таҳдиди ахири президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп садо дод, ки гуфтааст агар Ҷумҳурии Исломӣ Барномаи атомии худро аз сар гирад, Вашингтон “бидуни таъхир онро несту нобуд хоҳад кард”.
Дар як мусоҳибаи ахир Аббос Ироқчӣ, Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид намуд, ки барномаи ғанисозии уран як бахши муҳим ва рамзи ифтихори миллӣ барои Эрон аст ва ҳич гоҳ аз он даст нахоҳанд кашид. Ӯ, ҳамчунин, эътироф кард, ки аз ҳамлаҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муассисаҳои атомии Эрон зарари ҷиддӣ расонидааст. Гуфта мешавад, дар ҷараёни Ҷанги 12 –рӯзаи ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил чанд муассисаи атомии Эронро мавриди ҳамла қарор додаанд.
Музокироти миёни Теҳрон ва Вашингтон низ бо сабаби пофишории Эрон дар идомаи ғанисозии уран дар қаламрави худ бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд