3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
28.07.2025 17:29

Ҳувияти супоришгарони ҳамлаи террористии “Крокус сити холл” мушаххас шуд

Ҳувияти роҳбарони террористие, ки дар ҳамлаи хунини толори консертии “Крокус сити холл” даст доштанд, аз сӯи мақомоти тафтишотии Русия муайян карда шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС бо истинод ба маводи парвандаи ҷиноятӣ хабар додааст.

Тибқи иттилоъ, Беков А.И. ва Ҳикматов А. М., ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо ҳимояти роҳбарияти олии сиёсии Украина, ба ташкил кардани ҳамлаҳои террористӣ бар зидди Русия машғул будаанд. Тафтишот нишон медиҳад, ки аз 1-уми июни соли 2023 онҳо бо омодасозии аъзои гурӯҳи террористӣ барои анҷом додани амалҳои террористӣ дар шаҳрҳои Маскав ва Каспийск оғоз кардаанд. Ҳамла дар Каспийск пешгирӣ шудааст.

Ин шахсон бо ҳамдастии ташкилкунандагони номаълум бо тахаллусҳои Сайфулло ва Охи аз 1-уми ноябри соли 2023 то 5-уми марти соли 2024 бо ҳадафи иҷрои супоришҳои сиёсии Украина, ба маблағи мушаххаси мукофоти молиявӣ, толори консертии “Крокус сити холл”-ро ба ҳайси ҳадафи ҳамлаи террористӣ интихоб намудаанд. Онҳо ҳамзамон шахсони алоқамандро ба гурӯҳи дар Русия манъшудаи ДОИШ-и Хуросон ҷалб кардаанд.

Ҳамлаи террористӣ рӯзи 22-уми марти соли 2024 дар “Крокус сити холл” рӯй дод. Бар асоси иттилои Кумитаи тафтишотии Русия дар натиҷа 149 нафар ҷони худро аз даст доданд, як нафар бедарак шудаанд ва 609 нафар захмӣ шудаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.