Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ислом Махачев ба саволи асосӣ посух гуфт
Собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев дар мусоҳибаи сарироҳие ба саволе, ки ҳама алоқамандони муҳорибаҳои омехта посух меҷӯянд, ҷавоб гуфт.
“Маро кай дар майдон мебинед? 90 фоиз масъала ҳал шудааст, ки ман дар моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳорибаи навбатиамро мегузаронам”, - гуфт Ислом Махачев.
Пас аз оне, ки Ислом Махачев камарбанди чемпиониро дар вазни сабук озод кард, расман ба вазни ниммиёна баромад ва бояд ташкилоти UFC муҳорибаи ӯро бо чемпиони вазни ниммиёна Ҷек Делла Маддалена ташкил кунад.
Дар ин маврид чанде пеш Ҳабиб Нурмагомедов гуфта буд, ки Ҷек Делла Маддалена душвортарин рақиби Ислом Махачев мешавад.
Ҳамчунин, Ислом Махачев дар мавриди аз даст додани мақоми якум дар рӯйхати беҳтарин размкор новобаста ба вазн чунин гуфт:
“Аз оне, ки ҳоло дар ҷойи якум Илия Топурияро гузоштаанд, ин ҳиллаи маркетингӣ аст. Роҳбарияти ташкилот мехоҳад муҳорибаи моро ташкил кунад ва дар оянда мебинем, ки дар ҳақиқат кист рақами якум”.
Ислом Махачев бо ин гуфтааш, тасдиқ кард, ки агар дар муҳориба бо Ҷек Делла Маддалена ғолиб ояд, пас гуфтаи Дана Уайт мешавад. Яъне муҳорибаи ӯ бо Илия Топурия ташкил карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд