3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:36, Душанбе
24.07.2025 10:46

Толибон чархбол ва ҳавопаймоҳоро наметавонанд аз Ӯзбекистон баргардонанд

Талошҳои ҳукумати террористии Толибон барои баргардонидани  чархбол ва ҳавопаймҳои низомии артиши собиқи Афғонистон то ҳол бе натиҷа анҷом ёфтааст. Ин чархбол ва ҳавопаймоҳо дар соли 2021 баъди фурӯпошии ҳукумати вақти Афғонистон аз тарафи неруҳои артиши собиқи ин кишвар ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оварда шуда буданд.

Тибқи иттилои расонаҳо, гуфтугӯи мақомоти Толибон бо мақомоти Ӯзбекистон дар хусуси баргардондани чархбол ва ҳавопаймоҳо то ҳол натиҷа надодааст. Онҳо гуфтаанд, ки дар масъалаи боз гардонидани таҷҳизоти низомии артиши пешини Афғонистон ҳич пешрафте ба вуҷуд наомадааст.

Ситоди кулли артиши феълии Афғонистон мегӯяд, қисмати муҳимми парки ҳавоии артиши собиқи Афғонистон, ки ҳавопаймоҳои ҳамлавар ва нақлиётиро фаро мегирад, то ҳол дар хориҷ аз кишвар боқӣ мондааст.

Гурӯҳи террористии Толибон таъкид кардааст, ки ин таҷҳизот моликияти давлатии Афғонистон аст ва ин кишвар ҳаққи қонунии истифода аз он барои ҳифзи амнияти миллӣ ва ҳадафҳои ҳарбиро дорад. Толибон гуфтаанд, ки набудани чархбол ва ҳавопаймоҳо ба бунёди неруи ҳавоии мукаммал халал расонида, вобастагии онҳоро ба чархболҳои кӯҳнаи Шӯравӣ, ки ҳанӯз дар дохили кишвар фаъоланд, бештар мекунад.

Аз ҷониби дигар, мутахассисон мегӯянд, ки вазъи ҳуқуқии ҳавопаймоҳо баҳсбарангез боқӣ мондааст. Ӯзбекистон онҳоро ба ҳайси “таҷҳизоти муваққатан боздоштшуда” мешиносад. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон боз гардонидани комили онҳоро талаб мекунад. Дар сурати набудани созиш Афғонистон метавонад бахши муҳимми қудрати ҳавоии худро, ки барои назорати марзҳо ва амалиёти башардӯстона зарур аст, аз даст диҳад.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.