3 Ноябр 2026,
сешанбе, 16:37, Душанбе
22.07.2025 11:00

Аббос Ироқчӣ: "Эрон аз Барномаи ғанисозии уран даст намекашад"

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Теҳрон бо вуҷуди осебҳои ҷиддие, ки ба муассисаҳои атомияш расидааст, аз барномаи ғанисозии уран даст нахоҳад кашид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи 21-уми июл дар суҳбат бо шабакаи амрикоии "Фокс нюз" ин суханонро зикр карда, таъкид намуд, ки ғанисозии уран барои Эрон “дастоварди миллӣ” ва бахше аз “ифтихори миллӣ”-и ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ӯ афзуд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии ахири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон осеби ҷиддӣ расидааст ва арзёбии мизони хисорот то ҳол идома дорад.

Ба гуфтаи Ваазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳарчанд ғанисозии уран муваққатан боз дошта шудааст, аммо канор гузоштани он ғайримумкин аст.

Ин дар ҳолест, ки қабл аз оғози ҷанги мусаллаҳона миёни Эрон ва Исроил, Теҳрон ва Вашингтон панҷ даври музокироти атомӣ анҷом дода буданд, аммо ба созишномаи ниҳоӣ даст наёфтаанд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.