3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:36, Душанбе
20.07.2025 16:05

Поксозии қавмӣ дар Афғонистон. Толибон 600 оилаи тоҷик дар Ғӯрро маҷбуран кӯч додаанд

Беш аз 600 оилаи тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Долтиёри вилояти Ғӯр сокин буданд, рӯзи гузашта ба таври иҷборӣ аз манзилҳояшон кӯчонида шуданд. Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ ин иқдом бо дастури маъмурони Толибон сурат гирифтааст.

Ин амал вокуниши шадиди сокинон ва фаъолони ҳуқуқи инсонро ба бор оварда, нигарониҳо дар хусуси эҳтимоли афзоиши табъиз ва поксозии қавмӣ дар Афғонистонро бештар намудааст. Бисёре аз танқидкунандагон мегӯянд, ки кӯчонидани иҷбории тоҷикон метавонад ба муноқишаҳои иҷтимоиву қавмӣ дар кишвар доман занад ва суботу амнияти минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистонро дар зери хатар қарор диҳад.

Созмонҳои ҳуқуқи башар ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Толибон талаб доранд, ки ба амалкардҳои табъизомез хотима диҳанд ва ҳуқуқи баробари ҳамаи ақвоми Афғонистонро риоя кунанд. Мақомоти Толибон то ба ҳол дар бораи ин ҳодиса вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, чунин амал метавонад ваҷҳаи ин гурӯҳро дар миёни ақалиятҳои қавмии Афғонистон боз ҳам нохушояндтар кунад ва равандҳои созишу сулҳро дар кишвар мутаассир намояд.

Dialog.TJ 

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.