Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Ҳушдори Сайёф ба Толибон: Дастдарозӣ ба занон мухолифи дин, номус ва шарафи инсонӣ аст
Абдурраб Расул Сайёф, яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳукумати собиқи Афғонистон боздошти занон аз ҷониби масъулони амру маъруф ва наҳй аз мункари Толибонро ба шиддат маҳкум карда, онро мухолифи дин, номус ва шарафи инсонӣ донист.
Сайёф рӯзи ҷумъа, 18-уми июл дар паёме дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, ки “боздошти занон аз ҷониби мардони номаҳрам ва интиқоли онҳо ба зиндонҳое, ки нигоҳбонашон мард аст, на фақат мухолифи шариати ислом аст, балки поймолсозии иззати исломӣ, афғонӣ ва муруввати инсонӣ аст”.
Ин руҳонии маъруф бо хитоб ба Толибон таъкид намудааст, “Аз Худо битарсед!” ва илова кардааст, ки чунин иқдомҳо, агар ба номи шариат анҷом шаванд, “бузургтарин ҷафо ба дини мубини Ислом ва шариат” маҳсуб меёбанд”.
Изҳороти тунди Сайёф дар пайи гузоришҳо дар бораи боздошти даҳҳо зан дар минтақаи Шаҳри нав, яке аз маҳаллаҳои марказии Кобул, аз тарафи маъмурони Толибон пахш шудааст. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ин боздоштҳо асосан ба баҳонаи “риоя накардани ҳиҷоб” анҷом шудаанд.
Толибон то кунун ба ин изҳорот вокуниши расмӣ накардаанд, вале гузоришҳои сершумори расонаҳо нишон медиҳанд, ки дар чанд моҳи ахир занони зиёд бе назардошти ҳувият ва мурофиаи қонунӣ боздошт ва ба боздоштгоҳҳо интиқол дода шудаанд, ки аксаран зери назорати мардон қарор доранд.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки интиқоди ошкорои Сайёф, ки дар гузашта назари ҳамсон бо гурӯҳҳои мазҳабӣ дошт, метавонад баёнгари ихтилофи рӯзафзун дар миёни руҳониёни суннатгаро нисбат ба сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон бошад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд