«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Баррасии рушди минбаъдаи низоми таҳсилоти олии касбӣ бо намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
Ҷамъбасти шашмоҳаи аввал. Масъулини маорифи кишвар кадом масъалаҳоро бояд ҳал кунанд?
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти вазорат дар шаш моҳи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин, вазифаҳои муҳим барои масъулин то охири сол муайян гардиданд.
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Раҳим Саидзода, вазири маорифи кишвар таъкид кард, ки ба масъалаҳои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ботаҷрибаву соҳибтахассус, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ ба кабинетҳои фаннӣ, таъмини хонандагон ба китобҳои дарсӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбӣ ва ғайраҳо диққати махсус зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин, вазири маориф иброз дошт, ки масъулини соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо масъалаҳои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани бештари кӯдакон, такмили инфрасохтори таълим ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимиро ҳадафмандона бартараф намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст
Пешвои миллат Маркази аутизми шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Беш аз 23 фоиз зиёд. Буҷети Тоҷикистон барои соли 2027-ум 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад