Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Меҳрнигори Рустам: “Агар суруди миллиро намедонистам...”
Шоми гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ як навори кӯтоҳе ба гардиш даромад, ки дар он сарояндаи шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам суруди миллиро қироат карда, дар мисраи дуюми он хато мекунад. Дар шарҳи навори мазкур корбарон ҳар гуна суханҳои қабеҳ гуфтанд.
Дар ин росто, Меҳрнигори Рустам дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм ба алоқамандони ҳунараш ва умуман мардуми тоҷик муроҷиат кард.
“Дар чорабинии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон муваззаф шудам, ки суруди миллиамонро қироат кунам. Тайёриҳоям хуб буд, аммо вақте ки ба саҳна баромадам дар мисраи дуюм дармондам. Чанд маротиба аз нав шуруъ кардам, аммо боз дармондам. Пеши чашмонамро сиёҳӣ фаро гирифт, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонистам. Пасон, ҳама иштирокдорон бо як овоз ҳамовозам шуданд ва то охир суруди миллиро хондем. Ростӣ, тӯли фаъолиятам аввалин бор аст, ки ин гуна хато мекунам. Ман агар суруди миллиро намедонистам, рӯйи саҳна намебаромадам", - гуфт сароянда.
Дар идома ӯ қайд мекунад, ки одамизод хато мекунад ва набояд чунин сахтгирӣ карда шавад.
Меҳрнигори Рустам мисол меорад, ки ҳунармандони ҷаҳонӣ низ хато мекунанд ва аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват мекунад, ки дар зери навори мазкур суханҳои қабеҳ нанависанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд