Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард
Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Гулназар Келдӣ. Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуд
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат хабар медиҳад, имрӯз, 11-ум июл сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, ки бунёди иншоот барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиром нисбат ба шахсиятҳои барҷастаи миллат сохта шудааст.
Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ доман густурда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншооти фарҳангию фароғатӣ бо назардошти талаботи меъморию шаҳрсозии муосир бунёд шуда, барои фароғати сокинону меҳмонон омода гаштааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки Президенти кишвар зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта дар ин ҷо ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, нақши Гулназар Келдиро ҳамчун шоири ватансаро дар тарбияи маънавии мардум неку муассир арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки дар оянда ин макони сайру сайёҳат ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои адабию фарҳангӣ низ ба мардум хизмат хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад