Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад
Сафири гурӯҳи террористии Толибон дар Остона Муҳаммад Раҳмон дар мулоқот бо намояндаи хоси президенти Қазоқистон Эркин Туркумов хост, ки ба мисли Федератсияи Русия ин гурӯҳро ба расмият шиносанд.
Тибқи иттилоъ, Эркин Туркумов, намояндаи хоси Қазоқистон дар мулоқот бо сафири Толибон ба густариши робитаҳои дуҷониба таъкид намуда, дар бораи уҳдадории кишвараш барои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Толибон суҳбат кардааст.
Муҳаммад Раҳмон, сафири Толибон дар мулоқот бо Эркин Туркумов дар бораи вазъияти муҳоҷирони афғон, имкониятҳои сармоягузорӣ дар Афғонистон ва сели ҳафтаи ахир суҳбат кардааст.
Қазоқистон баъд аз ин ки Русия гурӯҳи террористии Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кард, бо пайравӣ аз ин кишвар номи ин гурӯҳи террористиро аз феҳристи гурӯҳҳои террористии Қазоқистон ҳазф намуд. Дар тайи чор соли гузашта Қазоқистон доманаи ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ин гурӯҳро густариш додааст.
Қазоқистон дар давоми чор соли гузашта робитаҳои густурдаи иқтисодию сиёсӣ бо Толибонро барқарор намуда, ҳар ду ҷониб даҳҳо қарордоди тиҷоратӣ, транзитӣ ва иқтисодӣ ба арзиши садҳо миллион доллар имзо кардаанд.
Ин дархости Толибон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Қазоқистон дар мавриди ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия то ҳанӯз вокуниш нишон надодааст.
Гурӯҳи террористии Толибон умедвор аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба мисли Русия ин гурӯҳро ба расмият шиносанд. Аммо ин кишварҳо бо вуҷуди барқарор кардани робитаҳои густурдаи сиёсиву иқтисодӣ то ҳанӯз ҳич гуна иқдоме дар ҷиҳати ба расмият шинохтани Толибонро нагирифтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд