Иддаои Трамп: “Дар бораи сарнавишти ҷанг бо Эрон тасмими бузурге дар пеш аст”
Ҳамлаи ҳавоии Арабистони Саудӣ ба 37 минтақаи ғайринизомии Яман дар 24 соат
Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид
Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард
Вазири собиқи Афғонистон: “Ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия “бозии амниятмеҳвар” аст”
Русия ба таври расмӣ ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият шинохт ва ба сафири ин гурӯҳ Гул Ҳасан иҷоза дод, ки дар сафорати Афғонистон дар Маскав фаъолият кунад. Ин хабар, ки аз сӯи хабаргузории ТАСС бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нашр шуд, вокунишҳои густурдаеро дар Афғонистон ба миён овард.
Масъуд Андаробӣ, Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон дар мақолаи худ, ки рӯзи 8-уми июли соли 2025 дар хабаргузоии “Авҷнюз” нашр шуд, ба ин қарори Русия вокуниш нишон дода, онро “бозии амниятмеҳвар” номид. Ӯ навишт, ки ин тасмим дар миёни мардуми Афғонистон хашму нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Масъуд Андаробӣ афзуд, ки ин иқдоми Русия метавонад паёмадҳои манфии сиёсӣ ва амниятӣ барои Афғонистон дошта бошад.
Ба навиштаи Масъуд Андаробӣ ин қарори Русия дар пасманзари талошҳои ин кишвар барои таҳкими нуфузи худ дар минтақа сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, ки Маскав бо ин иқдом мехоҳад мавқеи худро дар муқобили рақибони Ғарб мустаҳкам кунад, аммо ин кор метавонад ба нооромии бештар дар Афғонистон ва минтақа оварда расонад.
“Ба расмият шинохтани Толибон ба воситаи бархе кишварҳо заруратан ба маънои пазириши рафторҳо ва назми сиёсии онҳо нест. Русия, монанди Чин мумкин аст аз раҳгузари таомули маҳдуд ва амниятимеҳвар бо Толибон сирфан дар пайи маҳори таҳдидҳои минтақаӣ бошад, на ҳимоят аз ҳукумати саркубгари Толибон” – зикр кард Масъуд Андаробӣ.
Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон Масъуд Андаробӣ таъкид мекунад, ки таҳлили вазъияти Афғонистон нишон медиҳад, Чин эҳтимолан дуюмин кишваре хоҳад буд, ки Толибонро ба расмият бишиносад. Ӯ бо ишора ба таҳдидҳои террористӣ аз хоки Афғонистон таъкид мекунад, ки сиёсати Чин дар қиболи Толибон низ амниятмеҳвар буда, мехоҳад ба воситаи иртиботи дипломатӣ аз хатари густариши ифротгароӣ пешгирӣ кунад.
“Чин, бар хилофи Русия тарҷеҳ медиҳад, аз тариқи каналҳои тиҷоратӣ ва кумакҳои молии ғайрирасмӣ Толибонро таҳти контрол дошта бошад. Ин роҳбурд на фақат ҳазинаи каме дорад, балки бори дипломатии чандоне низ надорад. То замоне, ки ин шева ҷавоб медиҳад ва амнияти марзҳои ғарбии Чин таъмин мешавад, ба гумон аст, Пекин вориди марҳилаи расмисозии робита бо Толибон шавад”- менависад Масъуд Андаробӣ.
Вазири собиқи корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳад, ки мумкин аз ин робитаҳои амниятмеҳвар Толибон суйистифода кунанд ва онро ба унвони “пазириши ҷаҳонӣ” таъбир намоянд. Ин кор метавонад дар дохили Афғонистон барои саркӯби бештари мардум ва дар хориҷ барои афкори умумӣ мавриди истифода қарор гирад. Ӯ мегӯяд, бо ин далел робита бо Толибон бояд бо “шаффофият, машрутият ва ҳадафмандии рӯшан” сурат гирад.
“Он чи имрӯз миёни Русия ва Толибон дар ҳоли вуқуъ аст, бештар ба як таомули изтирории амниятӣ шабоҳат дорад, то иттиҳоди сиёсӣ. Бо чунин рафторҳое номутаъориф ва башиддат амниятӣ Толибон наметавонанд иддаои машруият ва пазириш дошта бошанд ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд ҳушёр бошад, ки чунин таомулоте ба ҷои машруиятсозӣ барои Толибон, ба манзури маҳори таҳдидҳои амниятии минтақаӣ тарроҳӣ шудаанд”- гуфт Масъуд Андаробӣ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд
Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд