19 Сентябр 2026,
шанбе, 05:48, Душанбе
07.07.2025 10:27

Толибон дар Боку. Наздикшавии Толибон бо Озарбойҷон нигарониҳоро дар Теҳрон ва минтақа афзоиш додааст

Дар ҳошияи 17-умин нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Абдулғанӣ Бародар бо сарвазири Озарбойҷон мулоқот намуда, аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки сафири Толибонро расман қабул кунанд. Ин мақоми баландпояи Толибон дар ҷараёни гуфтугӯ аз Озарбойҷон даъват кардааст, ки робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.

Абдулғанӣ Бародар Озарбойҷонро ба сармоягузорӣ дар бахшҳои нафту газ, роҳи оҳан ва энергетикаи таҷдидшавандаи Афғонистон даъват карда, бар зарурати фаъол нигоҳ доштани долони Лоҷувард ва рушди пайвандҳои минтақавӣ таъкид кардааст. Ӯ аз барномаи содироти ангишти Афғонистон ба Туркия ба воситаи қаламрави Озарбойҷон хабар додааст, ки ҷониби Боку низ омодагии худро барои ҳамкорӣ ва сармоягузории муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои маъдан ва энергетикаи сабз изҳор доштааст.

Ин нахустин сафари расмии як мақоми баландпояи Толибон ба Озарбойҷон баъди бозгашти дубораи Толибон ба қудрат аст. Озарбойҷон, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон сафорати худро дар Кобул баста буд, соли гузашта эълон кард, ки мехоҳад сафоратро дубора фаъол кунад. Ба назари таҳлилгарон Афғонистон барои Боку аз аҳамияти муҳимми иқтисодӣ бархӯрдор аст ва бо густариши равобит метавонад манфиатҳои иқтисодии ин кишварро дар минтақа таъмин кунад.

Ба таъкиди таҳлилгарон, ҳарчанд ҳадафҳои иқтисодӣ дар меҳвари муносибатҳои нави дуҷониба қарор доранд, аммо дар асл талош барои амиқ сохтани робитаҳои сиёсӣ дар ниқоби дипломатияи иқтисодӣ ҷараён дорад. Бахусус, агар Озарбойҷон бо пазируфтани сафири Толибон мувофиқат кунад, ин метавонад як қадами муҳимми таҳкими робитаҳои сиёсӣ бошад.

Ин сафари Мулло Бародар ба Боку дар шароите сурат мегирад, ки Эрон, ҳамсояи наздики Афғонистон, ҷанги мустақим бо Исроилро таҷриба мекунад ва минтақа дар вазъияти шадиди ҷангӣ қарор дорад. Ба бовари коршиносон, наздик шудани Толибон ба Озарбойҷон, ки ҳомии шадиди душмани Эрон – Исроил ба ҳисоб меравад, метавонад тавозуни минтақаиро ба зарари Ҷумҳурии Исломӣ тағйир диҳад.

Ҳамкории эҳтимолии Афғонистони таҳти ҳокимияти Толибон бо Боку метавонад боиси таъсироти васеъ аз нигоҳи амниятӣ, иттилоотӣ ва иқтисодӣ барои Эрон гардад. Боку талош дорад, аз даргирии кунунии Эрон барои густариши масирҳои транзитӣ ва манфиатҳои иқтисодиаш истифода кунад.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳадафи ниҳоии Толибон аз барқарории чунин робитаҳо табдил кардани Афғонистон ба маркази пайванди минтақаӣ аст, на саҳнаи ҷангҳои нав. Бо ин вуҷуд, наздик шудани Афғонистон бо кишварҳои дорои робитаҳои низомӣ бо Исроил метавонад паёмадҳои ҷиддии геополитикӣ ба бор оварад, бахусус дар ҳолате, ки дар ҳошияи ҷанги охир миёни Эрон ва Исроил, хабарҳо аз нақши эҳтимолии Озарбойҷон дар амалиёти низомии зидди Эрон паҳн шуда буд.

Бо назардошти авҷи депорти муҳоҷирони афғон аз Эрон, ки норизоиҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда, идомаи чунин сиёсатҳо метавонад ба сардӣ ва бад шудани муносибатҳои ду кишвар дар дарозмуддат сабаб гардад.

Бар ҳар сурат, наздикшавии Толибон ва Озарбойҷон, ба гуфтаи таҳлилгарон, дар вазъияти кунунии минтақа метавонад як қатор паёмадҳоеро барои Эрон ба ҳамроҳ дошта бошад ва манзараи нави геоиқтисодӣ ва геополитикиро дар минтақа ба вуҷуд оварад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.