Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Дипломати рус дар Гаага ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эронро маҳкум кард
Дипломати рус дар нишасти Шурои Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ ҳамлаи Исроил ва Амрико ба муассисаҳои атомии Эронро ғайриқонунӣ хонд ва афзуд, ки чунин иқдом талошҳо барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои атомиро дар зери хатар қарор медиҳад.
Владимир Тарабрин, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ дар нишасти 67-уми Шурои иҷроияи ин созмон дар Гаага чунин таъкид кард: “Мо ин ҳамлаҳоро қотеъона маҳкум мекунем. Паёмадҳои он ҷиддан боиси нигаронӣ аст”.
Дипломати рус расман эълон кард, ки ҳамла ба муассисаҳои сулҳомези атомии Эрон, ки дар зери назорати МАГАТЭ қарор дорад, поймол кардани ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва конвенсияи СММ аст.
Владимир Тарабрин, ки ҳамзамон сафири Русия дар Голандия аст, ба хатарҳои олӯдашавии химиявӣ ишора карда, талаб намуд, ки барои пешгирӣ аз чунин ҳамлаҳо чораҳои фаврӣ андешида шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин “иқдом боиси нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла нақзи моддаи 11-и Конвенсияи силоҳҳои химиявӣ шудаанд”. Ӯ ҳушдор дод, ки анҷоми чунин иқдомҳои хатарнок кӯшишҳои ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои атомиро дар зери хатар қарор медиҳад.
Ӯ таъкид кард, ки Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ҳич гуна фаъолият ва пажӯҳиши ғайриқонуниеро дар Эрон сабт накардааст, аммо Исроил ва Амрико бидуни далел ба марказҳои атомӣ ҳамла карданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд