3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
02.07.2025 14:35

Вакили рус: “Бо таъсири Ғарб дар китобҳои дарсии Ӯзбекистон ва Қазоқистон Русия чун кишвари ғосиб муаррифӣ мешавад”

Дар Думаи давлатии Федератсияи Русия масъалаи муҳтавои китобҳои дарсӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ ва роҳ ёфтани мазмуни русҳаросӣ дар китобҳо, махсусан дар китобҳои дарсии Ӯзбекистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Марина Ким, вакили Дума бо ишора ба бунёди мактабҳои ройгон аз сӯи Русия дар ин кишварҳо, афзуд, ки дар зери таъсири кишварҳои ғарбӣ дар муҳтавои китобҳои дарсӣ русҳаросӣ дарҷ мешавад ва он ба мафкураи ҷавонон таъсир мегузорад.

Ба гуфтаи ӯ, ин дар ҳолест, ки Русия дар ин кишварҳо ройгон мактаб месозад, аммо бо таъсири Ғарб дар китобҳои дарсӣ Русия чун кишвари ғосиб ва қатлиомкунанда муаррифӣ мешавад.

“Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мактабҳоро ройгон месозад, аммо наметавонад ба он чизе, ки дар ин мактабҳо таълим дода мешавад, таъсир расонад. Беш аз он, мазмуни дарсҳо рӯз аз рӯз бештар аз ҷониби фондҳои ғарбӣ дар шаклҳои гуногун танзим мешавад” – гуфт Марина Ким.

Ӯ гуфт, дар китобҳои дарсӣ, ки бо ҳимоятҳои молии созмонҳои ғайритиҷоратии ғарбӣ нашр шудаанд, симои Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба шакли таҳрифшуда тасвир шудааст. Дар Ӯзбекистон Империяи Русия ҳамчун кишвари “ғосиб” муаррифӣ мешавад, дар Қазоқистон давраи Шӯравӣ чун даври “қатли омм” инъикос мешавад. Ҳамчунин, давлатҳои ғарбӣ, ба мисли Фаронса ва Британияи Кабир дар маводҳои таълимӣ ҳамчун кишварҳои бетараф зикр мегарданд.

Марина Ким ҳамчунин, зикр кард, ки китобҳои таърихи русӣ дар аксари ин давлатҳо бо далели “мувофиқ набудан ба меъёрҳо” таълимашон манъ мешавад. Ин дар ҳолест, ки китобҳои хориҷӣ бо муҳтавои русҳаросӣ осон вориди раванди таълим мешаванд. Ӯ афзуд, мактабҳое, ки бо пули андозсупорандагони русӣ бунёд шудаанд, ба майдончаҳои ташаккули шуур ва ҷаҳонбинии ғарбӣ табдил меёбанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.