3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
02.07.2025 08:38

Русия воридоти желатини хӯроквории Тоҷикистонро манъ кард

Мақомоти Русия аз 1-уми июни соли ҷорӣ  воридоти желатини хӯроквории Тоҷикистон ба қаламрави Русияро манъ кардаанд. Росселхознадзори Русия гуфтааст, ки ин тасмим дар пайи санҷишҳои ахир ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон гирифта шудааст.

Росселхознадзор бо нашри як изҳорот гуфтааст, тафтишот нишон дод, ки назорат ба сифати ашёи хом ва риояи меъёрҳои санитарӣ дар корхонаи “Тилло Желло”- истеҳсолкунандаи желатин, хеле суст буда, нишондиҳандаҳои сифат ба стандартҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё посухгӯ нест. Ин ниҳоди назорати сифати маҳсулоти хӯроквории  Русия гуфтааст, ки хадамоти ветеринарии Тоҷикистон ва дигар истеҳсолкунандагон натавонистанд сатҳи зарурии назоратро таъмин кунанд.

Гуфта шудааст, дар корхонаи “Тилло Желло” низоми санҷиши манбаи ашёи ҳайвонот вуҷуд надорад, ки сарчашмаи ашёро мушаххас кунад. Шароити нигоҳдорӣ ва гигиена ба талабот мувофиқат намекунад.

“Таҳлили санҷишҳои анҷомёфта нишон дод, ки назорати хадамоти ветеринарии ҷумҳурӣ ва корхона бар истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти мазкур вуҷуд надорад. Нишондиҳандаҳои сифату бехатарии маҳсулоти содиротӣ назорат намешавад ва як қатор нишондиҳандаҳо бо арзишҳои меъёрии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мувофиқат намекунанд” – зикр шудааст дар изҳороти Росселхознадзор.

Тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон фақат дар панҷ моҳи аввали соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 183 тонна желатина ба арзиши тақрибан 950 ҳазор доллар содир шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки манъи воридот метавонад ба соҳаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон зарбаи сахт расонад, зеро бозори Русия барои онҳо хеле муҳим аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.