Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Ноҳақӣ нисбат ба Ислом Махачев? Рӯйхати нави рамзкорони беҳтарини ҷаҳон нашр шуд
Ислом Махачев, собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук, ки то имрӯз дар рӯйхати беҳтарин рамзкорони ҷаҳон новобаста аз вазн садрнишин буд, мавқеашро аз даст дод.
Нисфирӯзии 1-уми июл ташкилоти UFC рӯйхати нави рамзкорони беҳтарини ҷаҳонро дар сомонаи расмиаш нашр кард ва тибқи он, акнун беҳтарин варзишгари муҳорибаҳои омехта новобаста аз вазн чемпиони вазни сабук Илия Топурия ҳисобида мешавад.
Топ-3 размкори беҳтарин новобаста аз вазн Илия Топурия, Ислом Махачев ва Мераб Двалишвили мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 29-уми июн дар Лас-Вегаси Амрико мусобиқаи UFC 317 доир гашт, ки дар муҳорибаи асосии он собиқ чемпиони UFC дар вазни сабук Чарлз Оливейра ва собиқ чемпиони UFC дар вазни нимсабук Илия Топурия барои камарбанди чемпионӣ дар вазни сабук рақобат карда, Илия Топурия дар руанди якум ҳарифашро накаут кард ва қаҳрамони нави UFC дар вазни сабук гардид.
Маҳз муҳорибаи охири Илия Топурия ва чемпион шуданаш ӯро дар рӯйхати беҳтарин рамзкорони ҷаҳон новобаста аз вазн садрнишин кард.
Ҳамчунин, пас аз нашри рӯйхати нав ҳаводорони ММА, ки Ислом Махачевро мухлисӣ мекунанд, дар шабкаҳои иҷтимоӣ норозигӣ намуда истодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд
АСА дар Тоҷикистон: Фаридун Одилов Артём Фроловро шикаст дод
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”