3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:48, Душанбе
01.07.2025 14:33

Боздошти журналистони рус бо гумони ҷосусӣ дар Боку. Оё дӯстии Русия ва Озарбойҷон дар зери хатар аст?

Полиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар як иқдоми бесобиқа вориди дафтари кории хабаргузории русии “Спутник Озарбойҷон” шуда, баъди кофтукоб, ду хабарнигори ин расонаро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо “ФСБ” боздошт кард. Ин иқдом ба вокуниши шадиди Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯ ба рӯ шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Раҳмон Мустафоев, сафири Озарбойҷон дар шаҳри Маскавро ба вазорат даъват кард. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар як изҳорот гуфт: “Вақте журналистони рус дар Боку беасос боздошт мешаванд ва дипломатҳо иҷозаи дидор бо онҳоро надоранд, дӯстии ду кишвар дар зери хатар қарор мегирад”.

Ҳукумати Озарбойҷон дар вокуниш ба рейди рӯзи 27-уми июн дар Екатеринбург, ки дар он ду шаҳрванди озарбойҷонӣ ба ҳалокат расиданд ва тақрибан 50 нафари дигар боздошт шуданд, хабарнигорони русро боздошт кард. Ҳамчунин, дар Боку баргузор шудани ҳама консертҳо, намоишгоҳҳо ва барномаҳои фарҳангии русӣ лағв шуд. Сафари ҳайати парлумонии Озарбойҷон ба Маскав низ бекор шуд.

Константин Затулин, депутати Думаи давлатии Русия гуфт, ки Боку “аз ҳодисаи Екатеринбург баҳона сохта, намоиши сиёсӣ” ба роҳ монд. Ба гуфтаи ӯ, чунин иқдомҳо гувоҳи онанд, ки Озарбойҷон бештар ба ҳамкорӣ бо Туркия майл дорад ва манфиатҳои стратегӣ бо Русияро нодида мегирад.

Ҳарчанд намояндагони Кремл, аз ҷумла Дмитрий Песков ба эҳтимоли таъсири ин моҷаро ба муносибатҳои дуҷониба шак оварда, таъкид намудаанд, ки “Русия ба рушди муносибатҳои неку ҳамсоягӣ бо Озарбойҷон манфиатдор аст”, вале коршиносон мегӯянд, ки ин низоъ метавонад оғози коҳиши эътимод миёни Маскав ва Боку бошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.