Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Дар Русия барномаи мобилии хизматрасонии “ruID” барои муҳоҷирон бо забони тоҷикӣ фаъол шуд
Дар Федератсияи Русия барномаи инноватсионии мобилии “ruID” ба фаъолият оғоз кард, ки он сӯйи Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии ин кишвар омода шудааст.
Ин хизматрасонӣ равандҳои ҳамкории шаҳрвандони хориҷиро бо хадамоти давлатии Русия ба таври назаррас осон мекунад ва ба онҳо барои омодагӣ ба сафари худ ба кишвар кумак мерасонад.
Барномаи инноватсионии мазкур аз имкониятҳои пешниҳод кардани дархост барои вуруд, санҷиши маҳдудиятҳо, сохтани профили рақамӣ ва дастрасӣ ба портали хизматрасониҳои давлатӣ иборат мебошад.
Ин замима бо 7 забон кор мекунад ва барои доираи васеи истифодабарандагон дастрас аст: русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, арманӣ ва англисӣ.
Маълумоти муҳимми вуруди бе раводид бо шеваи дархост ба воситаи “ruID” бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вақти муайяншудаи сафар пешниҳод карда шавад. Барои ин зарур аст акси шахсӣ, нусхаи электронии ҳуҷҷат, сабти овоз ва нишонии почтаи электрониро пешниҳод намоед.
Баъди расидан ба Русия, дар асоси маълумоти воридшуда ба “ruID” профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ ташкил карда мешавад. Ин раванд сохтани рақами суғуртаи инфиродӣ ва ҳисоби стандартиро дар портали хизматрасониҳои давлатӣ дар бар мегирад. Ин маълумот анҷоми корҳои рӯзмарраро осон мекунад. Масалан, дар вақти пайвастшавӣ ба шабакаи мобилӣ, гирифтани симкорт ё истифода аз дигар хизматрасонаҳои зарурӣ фаъолиятро осон мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд