3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:36, Душанбе
28.06.2025 13:01

Юрий Коков: “ДОИШ бо нуфузи рӯзафзун талош дорад “ваҳшат ва террор” –ро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Русия интиқол диҳад”

Юрий Коков, муовини Дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки нуфузи рӯзафзуни ДОИШ дар Афғонистон ба амнияти Осиёи Марказӣ ва ҳатто хоки Русия хатар эҷод мекунад.

Муовини Дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия дар суҳбат бо рӯзномаи давлатии “Российская газета” гуфт, Маскав фаъолияти ДОИШ-ро дар Афғонистон зери назорати доимӣ қарор додааст. Гурӯҳе, ки ба гуфтаи ӯ талош дорад “ваҳшат ва террорро аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва дар ниҳоят ба қаламрави Русия интиқол диҳад”.

“Бо вуҷуди қатъ шудани ҷангҳои фарогир нооромиҳо дар Афғонистон ҳамоно идома доранд, нооромиҳое, ки таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ҳамсоя ба шумор меравад”- зикр кард Юрий Коков.

Ӯ афзуд, ки нақшаҳои ДОИШ барои содироти ваҳшат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас ба Русия “нигаронии ҷиддӣ”-ро ба миён овардааст.

Юрий Коков таъкид кард, ки талошҳои гурӯҳҳои ифротии исломӣ барои густариши нуфуз дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бахусус ба воситаи робитаҳои хешутаборӣ ва тиҷоратии шаҳрвандони Осиёи Марказӣ бо Русия ба ин таҳдидҳо шиддат бахшидаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин хатарҳо бо вуҷуди қонунҳои нисбатан сабуки муҳоҷирати меҳнатӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё афзудаанд.

“Ҳузури робитаҳои хешутаборӣ ва тиҷоратии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҷомеаи мазҳабӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар Русия ин хатарро дучандон мекунад. Дар баробари шароити осони муҳоҷирати меҳнатӣ замина барои паҳншавии идеологияи тундгаро дар саросари минтақаи пасошӯравӣ бештар шудааст”- таъкид кард Юрий Коков.

Ӯ афзуд, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Африқо ба воситаи фаъолиятҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла одамрабоӣ, истихроҷи ғайриқонунии тилло, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин, истисмори захираҳои табиӣ сармоя ҷамъ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ин фаъолиятҳо солона садҳо миллион доллар даромад меоранд, ки барои ҷалби ҷангҷӯён, пуштибонии ҷангҷӯёни хориҷӣ ва фароҳам сохтани ҳаракат дар сарҳадҳо масраф мешавад.

Муовини Дабири Шурои амнияти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки баъзе аз ин гурӯҳҳо ба сохторҳои монанд ба ҳукумат табдил ёфтаанд, махсусан дар минтақаҳое, ки ҳукуматҳои расмӣ суқут кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳҳо ҳоло назорати васеи ҳудудҳоро ба даст гирифта, адолатро бо қонунҳои худ татбиқ мекунанд ва аз мардум боч меситонанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.