3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:39, Душанбе
25.06.2025 08:52

Русия дар нишасти СММ: “Муборизаи Толибон бо терроризм ҳанӯз нокифоя аст”

Дар нишасти дирӯзи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид вазъияти Афғонистон бо ҳузури намояндагони кишварҳои ҷаҳон баррасӣ шуд.

Намояндаи Русия дар ин нишаст гуфт, ки барои ҳал шудани буҳрони Афғонистон ҳамкории ҷомеаи байналмилалӣ бо гурӯҳи террористии Толибон зарур аст. Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки таҳдидҳои ДОИШ-и Хуросон дар қаламрави Афғонистон боиси нигаронӣ аст ва талошҳои Толибон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ кофӣ нест.

Василий Небензя зимни суханронӣ ба талошҳои гурӯҳи террористии Толибон барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ишора намуда, гуфт, ки ин гурӯҳ бидуни кумакҳои аврупоӣ ба эҳёи иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар талош мекунад. Ӯ афзуд, ки бояд бо Толибон “муколамаи сабурона” анҷом дода шавад, зеро ба гуфтаи ӯ “барои ин раванд алтернатива вуҷуд надорад ва нахоҳад дошт”.

“Ҳар гуна фишор ва таҳдид ба ҷое нахоҳад расид” – гуфт Василий Небензя.

Ӯ бо ишора ба дороиҳои блокшудаи Афғонистон гуфт, ки ин сиёсат ба беҳбудии вазъи Афғонистон кумак нахоҳад кард. Ӯ аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар дохили хоки Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки “террористҳо ҳанӯз дар кишвар нуфуз доранд ва бо амалҳои нави террористӣ ва ҷалби афроди нав вазъиятро ноором месозанд”.

“Бо назардошти ҳаҷми бузурги силоҳе, ки неруҳои низомии аврупоӣ дар Афғонистон боқӣ гузоштаанд ва хатари ба дасти ин гурӯҳҳо афтидани силоҳҳо вуҷуд дорад, метавон гуфт, ки ин таҳдидҳо берун аз марзҳои минтақа низ воқеӣ ва ҷиддӣ аст”- таъкид кард Василий Небензя.

Сафири Русия ба зарур будани дастгирии кишоварзони афғон таъкид карда, афзуд, ки ин масъала яке аз авлавиятҳои сиёсати Маскав аст. Ӯ гуфт, Русия барои таҳким додани ҳуқуқи башар барои ҳамаи афғонҳо, аз ҷумла занону духтарон ва ба ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ва сиёсӣ таъкид мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.