Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Медведев: "Трамп ҳатто хоби Нобелро набинад. Эрон қавитар шудааст"
Дмитрий Медведев, муовини Шурои амнияти миллии Русия ва президенти пешини ин кишвар дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба муассисаҳои атомии Эрон дар саҳифаи телеграмаш чунин навишт: “Трамп, ки худро ҳамчун президенти сулҳталаб муаррифӣ мекард, имрӯз ҷанги наверо ба роҳ андохт. Бо чунин амалҳо, ӯ ҳатто хоби гирифтани ҷоизаи Нобелро нахоҳад дид”.
Муовини раиси Шурои амнияти миллии Русия ҳамчунин, таъкид кард, ки бештари кишварҳои ҷаҳон бо иқдомҳои Исроил ва Амрико мухолифанд ва посухи мардуми Эрон ба ин таҷовуз иттиҳоди миллӣ ва ҳимоят аз раҳбарии мазҳабӣ мебошад, "ҳатто онҳое ки қаблан шояд мухолиф буданд".
Дмитрий Медведев гуфт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба ин ҳамлаҳо ғанисозии уранро идома хоҳад дод ва “низоми сиёсии Эрон на фақат суст нашудааст, балки мумкин аст, қавитар низ гашта бошад”. Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки “тафсири якҷонибаи ҳуқуқи дифоъ аз худ ҷаҳонро ба сӯи фоҷеа мебарад”. "Агар ҳар кишвар таъриф ва тафсири хоси худро аз мафҳуми ҳуқуқи дифоъ аз худ дошта бошад, ҷаҳон ба самти бесуботӣ ва ноамнии куллӣ хоҳад рафт”- таъкид кард Сергей Лавров.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд