3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:38, Душанбе
21.06.2025 14:57

Толибон шартномаи истихроҷи нафти Омӯдарё бо як ширкати чинро бекор кард

Вазорати маъдан ва нафти гурӯҳи террористии Толибон эълон кард, ки шартномаи истихроҷи нафт дар ҳавзаи Омӯдарё бо ширкати чинии “Афчинг” –ро бекор кардааст.

Ба гуфтаи Толибон ин шартнома бинобар “рух додани такрори камбудиҳо” аз сӯи ширкати чинӣ бекор шудааст.

Дар изҳороти Вазорати маъдан ва нафти Толибон зикр мешавад, ки пас аз таъсиси як кумитаи муштарак бар асоси пешниҳодҳои муовини бахши иқтисодии раиси вазирони Толибон ва супоришҳои раиси вазирон, ҳамчунин, баррасии фаъолияти ин ширкат, онҳо ба бекор кардани шартнома иқдом кардаанд.

Дар робита ба ин, Толибон аз ширкатҳои байналмилалии алоқаманд ба истихроҷи нафт дар ҳавзаи Омӯдарё даъкат кардаанд, ки ин пешниҳодҳои худро ба Вазорати маъдан ва нафт ба миён гузоранд.

Бояд гуфт, шартномаи истихроҷи нафт дар ҳавзаи Омӯдарё соли 2022 (1401 –и хуршедӣ) миёни Толибон ва ширкати чинии “Афчинг” баста шуда буд.

Ба асоси ин шартнома қарор буд ширкати мазкур дар тӯли 25 сол дар се бахш ба истихроҷи нафт дар ҳавзаи Омӯдарё машғул гардад.

Ширкати “Афчинг” то кунун дар бораи бекор шудани ин шартнома аз сӯи Толибон ҳеч изҳорот надодааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.