3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:36, Душанбе
19.06.2025 18:10

Латифи Пидром дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил. “Амрико аз Эрон ва тамаддуни эронӣ тарс ва нафрат дорад”

Латифи Пидром яке аз роҳбарони сиёсии Афғонистон дар пайи ҳамлаи Исроил ба Эрон аз сиёсатҳои Амрико, Исроил ва муттаҳидони онҳо нисбат ба Эрон ва Ховари Миёна сахт интиқод намуда, ҳушдор дод,  ҳар навъ иштироки расмии Амрико дар ҷанг бар зидди Эрон паёмадҳои таърихӣ ва ҷуброннопазир хоҳад дошт.

Пидром дар ин ёддошт гуфт, ки ҷанги Иёлоти Муттаҳида ва Исроил фақат ба давлати Эрон рабт надорад, балки ҳар ҷо, ки садои озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ баланд шавад, ҳадафи ҳамла қарор мегирад. Ӯ дар саҳифаи иҷтимоии фейсбук навишт, ки “Амрико аз номи Эрон ҳавзаи тамаддуни Эрон ва ҳувияти эронӣ тарс ва нафрат дорад”.

Латифи Пидром зикр кард, агар Амрико расман дар ҷанг бар зидди Эрон ширкат кунад, ин амал “анҷоми ҳузури он дар Ховари Миёна ва дигар нуқтаҳое хоҳад буд, ки қалби онҳо барои озодӣ метапад”.

Латифи Пидром дар ин ёддошт бо ишора ба “мубориза ва муҷоҳидони озодихоҳ дар таърих” ва низ рӯҳониёни масеҳии Амрикои Лотин дар даҳаи солҳои 1960 онҳоро намунаи муқовимат бар зидди империализм дониста, навишт: “Ҷунбиши инқилобии маъруф ба “Калисои ошӯбгар” санаде аз истодагӣ бар зидди ҳокимияти Амрико аст”.

Ӯ кишварҳои арабиро низ таъкид кард, ки ба ҷои ҳамбастагӣ бо Эрон ва бастани роҳҳо ба рӯи Исроил, ба созмон додани “рақси зулфу гесӯ барои саркардагони режими ишғолгар” машғуланд.

“Таҷовуз, хунрезӣ ва ғоратгарӣ аз хусусиятҳои зотии империализм мебошанд. Магар Ғазза бомби атом месохт?”- таъкид кард Латифи Пидром.

Ӯ бо ишора ба таҷрибаҳои низомии Амрико дар кишварҳое чун Ветнам, Корея, Куба, Афғонистон ва ғайра онҳоро “намунаҳои шикасти таҳқиромез” хонда ва ҳушдор дод, ки вуруд ба ҷанги мустақим бо Эрон метавонад Ветнами нав барои Амрико шавад.

“Амрико на фақат дар ҳаллу фасли мушкилоти дохилии худ, монанди  буҳрони Калифорния нотавон аст, балки ҳатто дар ҷаҳони Ғарб низ мадирият ва эътиборашро аз даст додааст”- таъкид кард Латифи Пидром.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.