3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
18.06.2025 03:38

Генерал Мусавӣ ба сокинони Тел-Авив ва Ҳайфо ҳушдор дод: шаҳрро тарк кунед, амалиёти ҷазодиҳанда дар пеш аст

Сайид Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки амалиёти то кунун анҷомшуда фақат як огоҳии боздоранда буд ва амалиёти ҷазодиҳанда ба зудӣ оғоз хоҳад шуд.

“Режими саҳюнистӣ бо баҳонаи ҳадафҳои низомӣ ба мардумони Эрон ҳамлаи таҷовузкорона анҷом дод” – таъкид кард Сайид Абдурраҳим Мусавӣ

Ӯ афзуд, режими Исроил барои “хомуш кардани овози ҳақиқат радио ва телевизиони миллии Эрон” –ро ҳадаф қарор дод.

“Ин режим бо сарпечӣ аз ҳама қонунҳои шинохташудаи байналмилалӣ, бо идомаи қатли тақрибан 300 рӯзноманигор дар Ғазза ва Лубнон ба рӯзономанигорони радио ва телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаи ваҳшиёна кард” – таъкид намуд Мусавӣ.

Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, мардуми бузурги Эрон чунон ки то имрӯз нишон додаанд, ҳеч гоҳ дар баробари таҷовуз сар фуруд наоварданд ва дар баробари ин амали ваҳшиёна низ бо устуворӣ истода, режими Исроилро ба сазои аъмолашон хоҳанд расонд.

Ӯ бо ишора ба “шаҳодати фармондеҳон, ҳамватанони азиз ва донишмандон” эълон кард, ки Неруҳои мусаллаҳи Эрон омодаи анҷоми “ҷазодиҳанда” бар зидди Исроил ҳастанд.

“Ба сокинони сарзаминҳои ишғолӣ, бахусус Тел-Авив ва Ҳайфо огоҳӣ дода мешавад, ки барои ҳифзи ҷони худ ин манотиқро тарк кунанд ва худро қурбонии ҳавову ҳаваси ваҳшиёнаи Нетанёҳу накунанд. Озодандешони ҷаҳон итминон дошта бошанд, ки миллати бузурги Эрон таҳти роҳбарии қувваҳои мусаллаҳ интиқоми хуни шаҳидонро хоҳанд гирифт” – ҳушдор дод генерал Мусавӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.