3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:02, Душанбе
17.06.2025 19:44

Аббос Ироқчӣ: “Бо ифтихор то қатраи охирин мубориза хоҳем бурд”

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ дар изҳори назари тоза гуфт, ки ҳадафи ҳамлаи ҷинояткоронаи Бенямин Нетаняҳу ба Эрон пешгирӣ аз созиш миёни Эрон ва Амрико буд.

Сайид Аббос Ироқчӣ дар пайи ҳамлаҳои шаби гузаштаи Исроил дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, Бенямин Нетаняҳу як ҷинояткори ҷангист, ки дар пайгарди қонун қарор дорад. Ба навиштаи Сайид Аббос Ироқчӣ, Бенямин Нетаняҳу як фиребгарест, ки тақрибан сӣ сол боз президентҳои Амрикоро фиреб додааст, то онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои худаш ба ҷанг бикашонад.

“Ҳама далелҳо нишон медиҳанд, ки ҳамлаи ваҳшиёнаи Нетаняҳу ба Эрон, ки боиси кушта шудани садҳо ғайринизомии бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон шуд, бо ҳадафи пешгирӣ аз созиши миёни Эрон ва Амрико анҷом шудааст. Созише, ки мо дар масири дуруст ба сӯи он ҳаракат мекардем. Ӯ боз мехоҳад президент ва ҳатто беш аз он, андозсупорандагони амрикоиро комилан фиреб диҳад”- гуфт Сайид Аббос Ироқчӣ.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, неруҳои мусаллаҳи бо иқтидори Эрон ба ҷаҳониён нишон хоҳанд дод, ки ҷинояткорони ҷангӣ, ки дар паноҳгоҳҳои Тел-Авив пинҳон шудаанд, ҷазои ҷиноятҳои худро хоҳанд дид. Ӯ афзуд, Эрон то ҳар вақте ки лозим шавад, ба саркӯб кардани ин тарсӯҳо идома медиҳад, то итминон ҳосил кунад, ки онҳо дигар мардуми моро ҳадаф қарор намедиҳанд.

“Агар президент Трамп воқеан ба дипломатия бовар дорад ва мехоҳад ин ҷангро хотима диҳад, қадамҳои оянда бисёр муҳиманд. Исроил бояд таҷовузоти худро қатъ намояд. То замоне, ки таҷовузҳои низомӣ комилан қатъ нашавад, вокунишҳои мо идома хоҳанд ёфт. Фақат як тамоси телефонӣ аз Вашингтон кофист, ки як нафар мисли Нетаняҳуро хомӯш кунад. Ин метавонад роҳро барои бозгашт ба дипломатия ҳамвор созад”- афзуд Сайид Аббос Ироқчӣ.

Вазири корҳои хориҷии Эрон афзуд, даргир шудани Амрико “модари ҳама ҷангҳои абадӣ” ҳар навъ имкони роҳи ҳал ба воситаи музокиротро аз байн мебарад ва паёмадҳои хатарнок, ғайриқобили пешбинӣ ва шояд ғайри қобили тасаввур барои амнияти минтақа иқтидори ҷаҳонӣ хоҳад дошт.

“Фаромӯш накунем, Эрон оғозгари ин ҷанг набуд ва ҳеч хоҳише барои идомаи хунрезӣ надорад. Вале мо бо ифтихор то қатраи охирини хун хоҳем ҷангид, то аз сарзамин, мардум, шараф ва дастовардҳои худ ҳимоя кунем” – таъкид намуд Сайид Аббос Ироқчӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.