3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:03, Душанбе
17.06.2025 16:27

Кушта шудани шумори зиёди афсарони амниятии Исроил дар ҳамлаи мушакии Эрон ба бинои Моссад

Дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба бинои Моссад шумори зиёди афсарони амниятӣ ва иттилоотии Исроил кушта шудаанд. Дар ин ҳамла кормандони иттилоотии маркази иттилоотии “Амон”-и Исроил низ кушта шудаанд.

Тибқи гузориши расонаҳои эронӣ субҳи имрӯз неруҳои Сипоҳи посдорони Эрон дар як амалиёти вижа марказҳои иттилоотӣ ва амниятии режими Исроил, аз ҷумла Моссад ва Амонро мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор доданд. Ин ҳамла бо як мушаки нав анҷом шуда ва ҳадафҳо комилан нобуд шудааст.

Режими Исроил бо сабаби сензураи шадиди хабарӣ аз нашри иттилооти вобаста ба ҳалокати афсарон ва фармондеҳони низомӣ ва иттилоотии худ ва ҳамчунин, омори дақиқи талафот пешгирӣ мекунад. Режими Исроил ҳатто хурдтарин омор дар бораи талафотро нашр намекунад.

Дар иқдоми тоза фаъолияти аксари рӯзноманигорон дар Исроил маҳдуд шуд. Пахши зиндаи шабакаи иҷтимоии ютуб, ки минтақаҳои зиёди Исроилро инъикос мекард, комилан қатъ карда шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.