3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
16.06.2025 17:02

Сухангӯи президенти Эрон мегӯяд дар ҳамлаҳои ахири Исроил ба Эрон 45 кӯдак ва зан кушта шуданд

Фотима Муҳоҷиронӣ, сухангӯи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суҳбати телевизионӣ бо ишора ба ҳамлаҳои ахири Исроил гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо 45 кӯдаку зани эронӣ кушта ва 75 нафари дигар занону кӯдакон захмӣ шудаанд.

Ӯ бо ишора ба ҳодисаҳои ахир, бахусус ҳамлаи Исроил таъкид намуд, яке аз омилҳои қудрати ҳукумат оромиши мардум ва ваҳдати миллӣ аст. Ӯ зикр кард, ки ҳама эрониён имрӯз пуштибони кишвар мебошанд, ҳатто онҳое ки қаблан дилашон озурда буд.

“Мо уҳдадори шаффофият ва ироаи иттилооти дақиқем. Мардум бояд эҳтиёт кунанд, ки худ табдил ба омили паҳн кардани иттилоот нашаванд. Гирифтани як акс ва ирсоли видео метавонад маълумоти муҳимро фош кунад”- афзуд Фотима Муҳоҷиронӣ.

Сухангӯи Президенти Эрон аз мардуми кишвараш хост, ки аз наздик шудан ба маконҳои ҳодиса худдорӣ кунанд, зеро ҳар чӣ қадар ҳузури мардум камтар бошад, неруҳои ёрирасон метавонанд вазифаашонро хубтар иҷро кунанд.

“Дар тӯли чанд рӯзи гузашта шоҳиди шаҳодати 45 зану кӯдак будем. 75 нафари дигар аз маҷруҳон низ аз ин қишр ҳастанд. Мо, ҳамчунин, шоҳиди ҳамла ба бемористони Форобии Кирмоншоҳ будем, ки нишондиҳандаи ваҳшигарии режими саҳюнистӣ ва дурӯғ будани иддаои онҳо дар бораи ҳадаф қарор надодани аҳолии ғайринизомӣ аст”- таъкид кард Фотима Муҳоҷиронӣ.

Ӯ гуфт, агар баъзе аз мардум тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, мо ба тасмими онҳо эҳтиром мегузорем. Ӯ гуфт, ба паёмакҳое, ки гӯё холӣ кардани шаҳрҳоро медиҳанд, тамоман аҳамият надиҳанд. Ин амали ҷанги равонии душман аст. Корҳои асосӣ дар ҳоли иҷро ҳастанд. Бонкҳо фаъол ҳастанд, аммо бо мақсади ҳифзи сармояи мардум, бозори бурс муваққатан баста шудааст.

“Бо таваҷҷуҳ ба ҳамлаҳои киберии душман, ки мумкин аст зерсохторҳои иттилоотии кишварро ҳадаф қарор диҳанд, барои ҳифзи устувории шабака эҳтимолан суръати интернет коҳиш дода мешавад. Мардум бидонанд, ки ин коҳиши муваққатӣ, ҳадафманд, зери назорат ва бар асоси қарорҳои мудириятӣ анҷом мегирад”- гуфт Фотима Муҳоҷиронӣ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.