19 Сентябр 2026,
шанбе, 06:59, Душанбе
15.06.2025 13:56

Ироқчӣ: “Исроил хатҳои сурхро шикаст. Эрон бо қудрат аз худаш дифоъ мекунад”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе, 15-уми июн дар мулоқот бо сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Теҳрон дар хусуси ҳамлаи таҷовузкоронаи режими Исроил суханронӣ намуда, афзуд, ки Исроил барои худ ҳеч ҳадду марз қоил нест ва Эрон хостори густариши ҷанг бо кишварҳо ва ё минтақаҳои дигар нест.

Сайид Аббос Ироқчӣ дар ҷамъи дипломатҳо гуфт, ки субҳи рӯзи ҷумъа ҳамлаҳои режими Исроил ба минтақаҳои мухталифи Эрон бе ҳеч муқаддима ва огоҳии қаблӣ оғоз шуд, ки ин як таҷовузи ошкор ба хоки Эрон ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки мақсади ҳамлаҳо Маркази атомии Натанз ва минтақаҳои аҳолинишини Теҳрон ва дигар шаҳрҳо буд, ки дар натиҷа шаҳрвандони зиёди ғайринизомӣ кушта шуданд.

“Бисёре аз донишмандони атомӣ, омӯзгорони донишгоҳ ва фармондеҳони низомӣ, ки на дар майдони ҷанг, балки дар хонаҳояшон буданд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки мо дар остонаи даври шашуми музокирот қарор доштем. Исроил ҳеч марзи ахлоқӣ ва қонунии худро риоя намекунад” – афзуд Аббос Ироқчӣ.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид намуд, дар ҳоле ки музокирот бо Амрико идома дошт ва рӯзи якшанбе бояд даври шамуми он дар Масқат баргузор мешуд, ин иқдомҳо бар зидди Эрон, бахусус ба зиёни кӯдакон ва афроди ғайринизомӣ сурат гирифт.

“Шумо ҳама шоҳид будед, на фақат мардуми бегуноҳи Фаластин қатл шуданд, балки ҳуқуқи башар, қонунҳои башардӯстона, ҳуқуқи байналмилалӣ ва тамоми меъёрҳои ҷаҳонӣ низ дар Ғазза поймол гардиданд”- афзуд Аббос Ироқчӣ.

Ӯ бо ишора ба ин ки ин навбат режими Исроил хати сурхи нав дар ҳуқуқи байналмилалиро убур кард, гуфт “ҳамла ба як муассисаи атомӣ, нақзи шадиди ҳуқуқи байналмилалӣ буда, таҳти ҳар шароите манъ аст ва мутаассифона ба вокуниши сард ва бетарафи Шурои Амният рӯ ба рӯ гардид”.

“Бисёр кишварҳо, хусусан ҳамсоягон ин таҷовузро маҳкум карданд. Ман аз сафирони кишварҳое, ки дар ин ҷо ҳузур доранд ва давлати онҳо ин таҷовузро маҳкум кардаанд, изҳори сипос мекунам. Бар хилофи ин, бархе кишварҳое, ки худро мамолики мутамаддин ва ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ меҳисобанд, ба ҷойи маҳкум кардани Исроил Ҷумҳурии Исломии Эронро гунаҳкор карданд”- афзуд Вазири корҳои хориҷии Эрон.

Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт: “Мо дар муқобили ин ҳамлаҳо вокуниш нишон додем, ки ин бар асоси ҳаққи дифоъ аз худ сурат гирифт. Ин ҳуқуқи қонунии ҳар як кишвар аст ва вокуниши қувваҳои мусаллаҳи мо, ки ду шаб қабл оғоз гардида буд, шаби гузашта ба марҳилаи ҷиддитар ворид шуд ва идома хоҳад ёфт.

Ҳадафи мо аз ҳамлаи мушакӣ ба марказҳои низомӣ ва иқтисодӣ дар қаламрави ишғолшуда, фақат дифоъ ва муқобила бо таҷовуз буд. Дар шаби аввал фақат нуқтаҳои низомиро ҳадаф қарор додем, аммо пас аз он ки режими саҳюнистӣ ба инфрасохтори иқтисодии мо, аз ҷумла корхонаи нафтии Теҳрон ва минтақаҳои Асалуя ҳамла кард, мо ҳам ҳадафҳои иқтисодии он режимро мавриди ҳамла қарор додем”- афзуд Аббос Ироқчӣ.

Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба ҳамлаи дирӯзи Исроил ба минтақае дар Халиҷи Форс гуфт, ки ин ба маънои кашондани ҷанг ба минтақаи стратегиест, ки эҳтимолан қасдан анҷом дода шуд ва ҳадафи он густариши ҷанг ба берун аз марзи Эрон аст.

“Халиҷи Форс минтақаи ҳассосу печида аст. Ҳар гуна муноқишаи низомӣ метавонад тамоми минтақа ва ҳатто ҷаҳонро дар бар гирад. Мо умедворем ҷомеаи байналмилалӣ ҳарчӣ зудтар барои пешгирӣ аз ҷиноятҳои бештари режими саҳюнистӣ иқдом кунад”- гуфт Сайид Аббос Ироқчӣ.

Вазири корҳои хорҷии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ гуфт, ки Эрон бо ирода ва қувват ба дифои қонунии худ идома хоҳад дод ва Қувваҳои мусаллаҳ вазифаи худро бо иқтидор иҷро мекунанд.

“Дар робита ба ҳамла ба маркази атомии Натанз ман аз Дабири кулли Агентии байналмилалии атомӣ дархости ҷаласаи изтирорӣ кардам, ки рӯзи душанбе баргузор хоҳад шуд. Умед дорем, ин ҷаласа режими саҳюнистиро барои нақзи фоҳиши қонунҳои байналмилалӣ маҳкум намояд” – афзуд Аббос Ироқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Эрон аз сафирони кишварҳои узви Шурои мудирони Агентии байналмилалии атомӣ хоҳиш намуд, ки ин паёмро ба роҳбаронашон бирасонанд: “Ҷомеаи байналмилалӣ ва мо интизор дорем, ки ин ҳамла шадидан маҳкум гардад ва ҳатто боиси муҷозоти режими саҳюнистӣ шавад. Ин мумкин аст охирин хати сурхи ҳуқуқи байналмилалӣ бошад, ки Исроил убур кардааст. Бетарафии ҷомеаи байналмилалӣ дар баробари чунин хатар метавонад паёмадҳои ҷиддӣ барои дигар кишварҳо дошта бошад.”

Сайид Аббос Ироқчӣ таъкид намуд, таҷовузи Исроил ба Ҷумҳурии Исломии Эрон бидуни ҳамоҳангӣ ва пуштибонии Амрико мумкин набуд. Мо санадҳои қатъие дорем, ки нишон медиҳанд, пойгоҳҳои Амрико дар минтақа дар ҳимояти амалиёти низомии Исроил нақш доштанд.

“Мо ҳамоҳангии комили неруҳои амрикоиро бо неруҳои Исроил мушоҳида кардем. Аммо, аз ҳама муҳим, изҳороти ошкорои Президенти Амрико аст, ки эътироф кард (дар шабкаҳои иҷтимоӣ) бе таҷҳизоти Амрико ин ҳамлаҳо имкон надоштанд ва ҳатто гуфт, марҳилаи баъдӣ низ дар назар аст. Аз дидгоҳи мо Амрико шарики ин ҳамлаҳост ва бояд масъулияти худро бар дӯш гирад” – таъкид намуд Аббос Ироқчӣ

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Эрон вокуниши худро фақат ба ҳадафҳо дар дохили қаламрави режими саҳюнистӣ маҳдуд кард: “Мо ҷанг намехоҳем, магар он ки бар мо таҳмил шавад. Мо намехоҳем ин ҷанг ба дигар кишварҳо кашонда шавад, магар он ки бар мо таҳмил гардад”.

“Мо аслан ин ҷангро намехостем. Мо машғули музокироти атомӣ будем, аммо ин таҷовуз ба мо таҳмил шуд. Мо ба таври қонунӣ ва бо иқтидор аз худ дифоъ мекунем ва агар таҷовуз қатъ шавад, табиист, ки посухи мо низ қатъ мешавад” - таъкид кард Аббос Ирқочӣ.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ба ҳар созише, ки ҳадафаш манъи дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ бошад, омодааст, зеро ба ҳаром будани силоҳи атомӣ бовар дорем. Аммо агар мақсади созиш маҳрум кардани Эрон аз ҳуқуқи қонунии атомияш бошад, ба он розӣ нахоҳем шуд.

“Дар баҳори соли 2021 вақте ки музокироти барқарор кардани Барномаи иқдоми ҷомеи муштарак дар Вена ҷараён дошт, Исроил бо таркиш дар маркази Натанз кӯшид музокиротро вайрон кунад. Дар посух Эрон сатҳи ғанисозии ураниумро ба 60% афзоиш дод ва таҷҳизоти кӯҳнаро бо таҷҳизоти пешрафтатар иваз кард”- гуфт Аббос Ироқчӣ.

Ӯ афзуд, ин бор низ ҳамла бо ҳадафи шикастани равандҳои дипломатӣ сурат гирифт ва мутаассифона, Амрико низ дар ин кор ҳамроҳ шуд. Онҳо ба таври хусусӣ мегӯянд, ки нақше надоштанд, вале мо ба он бовар надорем. Агар ҳақиқат бошад, бигузор ошкор эълом кунанд. Мо интизор дорем Амрико ин ҳамларо маҳкум кунад ва ба таври ошкор аз ин муноқиша канора гирад.

“Ман умедворам ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масоил таваҷҷуҳ кунад ва ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ва нақзи қонунҳои байналмилалӣ посухи қатъӣ диҳад, ин ягона роҳи сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон аст”- афзуд Вазири корҳои хориҷии Эрон.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

18.09.2026 18:29

“Санксияҳои амрикоӣ дар мекӯбанд?” Амрико аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хост роҳи тиҷорат бо Эронро маҳдуд кунанд

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон бо такя ба манобеи иттилоотӣ навишт, ки мақомоти амрикоӣ дар тозатарин ҳаракати дипломатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки роҳи тиҷорат бо Эронро бибанданд. Ин хабаргузорӣ дар пасманзари ин пешниҳоди Амрико навишт: “Роҳи оҳан, шоҳроҳ, бандар, қубури газ ва масири транзитӣ дар як шаб бунёд намешавад. Барои ҳамин, агар Эрон барои минтақа фақат як бозори нисбатан хурд мебуд, ҷудо шудан аз он осонтар менамуд. Вақте сухан аз роҳи дастрасӣ ба баҳр ва бозорҳои ҷанубӣ меравад, масъала хеле мураккабтар мешавад”.
18.09.2026 18:38

Ду кудак бо дастони баста дар ғори Муъминобод пайдо шуданд

Сокинони як деҳа дар ноҳияи Муъминобод дар нисфи шаб бо як саҳнаи такондиҳанда рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ду кӯдаки хурдсолро бо дастони баста, дар як ғор, дар зери буттаҳо пайдо намуданд. Ин ду кӯдак иқрор намуданд, ки онҳоро дуздида, бо дастони баста дар ин ғор ҷо додаанд.
18.09.2026 14:04

Ба ҷои метро дар Душанбе роҳи оҳани шаҳрӣ. Тоҷикистон аз ширкатҳои кореягӣ хост дар ин тарҳ сармоягузорӣ кунанд

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ даъват намуд, ки дар бунёди роҳи оҳани шаҳрии Душанбе, ки арзиши он беш аз як миллиард доллар аст, ширкат ва сармоягузорӣ кунанд.
18.09.2026 12:16

Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод

Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
18.09.2026 08:38

Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ расман оғоз шуда, осорхонаи Сирк ифтитоҳ гардид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе нахустин Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» оғоз гардид.
18.09.2026 07:36

Ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии корхонаҳои муштарак. Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва соҳибкорони рус мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони рус мулоқот намуд.
17.09.2026 17:24

Хабарнигори “Телевизиони Тоҷикистон” дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохт

Хабарнигори шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” Маҳмадраҷаб Абдуллозода дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ҷон бохтааст. Дар натиҷаи ин садама се ҳамроҳи ӯ низ ҷароҳат бардоштаанд.
17.09.2026 16:17

Дар Душанбе Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии СҲШ доир шуд

Имрӯз, 17-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва бо иштироки роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.