Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Эрон боз як ҷангандаи F-35-и Исроилро сарнагун кард
Неруҳои дифои зиддиҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз, 14-уми июн боз як ҷангандаи F-35-и Исроилро сарнагун кардаанд.
Дар ин хусус расонаҳои давлатии Эрон хабар дода, афзудаанд, ки халабони ҷанганда худашро бо парашут берун партофт ва мақомоти низомӣ дар ҷустуҷӯи халабони сарнагуншудаи Исроил мебошанд.
Рӯзи гузашта низ неруҳои зиддиҳавоии Эрон ду ҷангандаи F-35-и Исроилро дар дохили хоки Эрон сарнагун намуданд. Ин хабарро аввал низомиёни Исроил рад намуданд, баъдан расман тасдиқ карданд, ки ду фарфанд аз ин ҷанганда сарнагун шудааст.
Гуфта мешавад, як халабони зани исроилӣ ба асорати неруҳои мусаллаҳи Эрон афтидааст.
Даргириҳо миёни Исроил ва Эрон идома дорад. Тибқи гузоришҳо имрӯз Исроил ба як қатор иншооти низомии Эрон дар Теҳрон, Исфаҳон ва дигар минтақаҳо ҳамла кард.
Неруҳои мусаллаҳи ҳавофазои Эрон бо падованди зиддиҳавоӣ аксари ҳамлаҳои Исроилро дафъ кардаанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои имрӯзи Исроил хисороти ҷонӣ ва молӣ сабт шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд