3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:35, Душанбе
14.06.2025 10:52

Толибон вуруди занони то 40-сола ба бозори муштараки Афғонистон ва Ӯзбекистонро манъ карданд

Гурӯҳи террористии Толибон бо як фармони нав ворид шудани занони то синни 40 –сола ба бозори муштараки Ӯзбекистон ва Афғонстон, ки дар минтақаи марзии шаҳри Тирмиз воқеъ аст, манъ намуданд. Ин тасмими нави Толибон вокуниши шадиди соҳибкорон ва сокинони наздимарзиро барангехтааст.

Бар асоси гузориши расонаҳо масъулони идораи амри маъруф ва наҳй аз мункар дар шарҳи тасмими навашон гуфтаанд, ки занони аз 40-сола боло бо маҳрам метавонанд аз бозори муштараки Афғонистону Ӯзбекистон истифода кунанд. Қаблан вуруди занон бо ҳамроҳии маҳрам ба бозори муштарак иҷоза дода мешуд. Ҳоло ҳатто ҳамроҳи маҳрам занони то 40-сола наметавонанд вориди бозори Афғонистон ва Ӯзбекистон шаванд.

Соҳибкорони бозори муштарак гуфтаанд, ки ин маҳдудият боиси коҳиши шумори муштариёни афғонистонӣ шудааст. Яке аз фурӯшандаҳо гуфтааст, ки “пеш аз ин занон бо шавҳар ё фарзандашон меомаданд ва харид мекарданд. Ҳоло касе намеояд. Даромад базӯр харҷи иҷораи дӯконро мепӯшонад”.

Бозори муштараки Афғонистону Ӯзбекистон дар соли 2023 бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва фароҳам сохтани имконияти хариду фурӯши мустақим миёни ду кишвар дар хоки Ӯзбекистон, дар наздикии марз бо Афғонистон ташкил шуда буд. Мардуми Афғонистон метавонанд то ҳудуди 15 рӯз бидуни виза фақат дар маҳдудаи ин бозор дар хоки Ӯзбекистон фаъолият кунанд.  Гуфта мешавад, ин иқдом ба хотири густариши ҳамгироии иқтисодӣ бо ҳасмоякишвар аз сӯйи ҳукумати Ӯзбекистон гирифта шудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.