3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:00, Душанбе
13.06.2025 18:06

Фармондеҳи неруҳои ҳавоӣ ва мушакии Сипоҳи посдорони Эрон дар ҳамлаи Исроил кушта шуд

Фармондеҳи неруҳои ҳавоӣ ва мушакии Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон Амиралӣ Ҳоҷизода дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил кушта шудааст. Ин хабарро мақомоти расмии Эрон тасдиқ намуданд.

Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи ягонаи мушакии Эрон буд ва заминаи қудратманд шудани ин кишвар дар бахши қудрати мушакиро фароҳам карда буд. Ӯ амалиёти мустақими мушакии Эрон ба Исроилро дар соли гузашта шахсан раҳбарӣ карда буд.

Рейтерз ба нақл аз сарчашмаҳояш навишт, ки дар ҳамлаи субҳи имрӯзи Исроил беш аз 20 фармондеҳи низомии Эрон кушта шудаанд. Расонаҳои исроилӣ аз нақли сарчашмаҳои амниятии ин кишвар гуфтаанд, ки аксари фармондеҳони Эрон дар як пойгоҳи зеризаминӣ дар вақти тарҳрезии амалиёти низомӣ кушта шудаанд.

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Эронро бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ маҳкум кардаанд. Раҳбари Кореяи Шимолӣ гуфтааст: “Эрон дар давраҳои сахт дар канори мо буд, Эронро танҳо нахоҳем гузошт”.

Дар Эрон Ситоди буҳрон ташкил шудааст. Ин ситод аз шаҳрвардон хост, ки оромиши худро нигоҳ доранд ва бо мақсади ҳифзи тартибот аз ҳар гуна амали шитобкоронае, ки боиси изтироби мардум мешавад, худдорӣ кунанд. Ин ситод гуфтааст, ки шаҳрвандони Эрон фақат ба иттилооти расмӣ ва боэътимод таваҷҷуҳ кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.