3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
13.06.2025 17:57

Масъуд Пизишкиён: «Посухи қонунӣ ва неруманди Эрон душманонро пушаймон хоҳад кард»

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил ба шаҳри Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон гуфт, ки посухи қонунӣ ва неруманд ба ин ҷинояти ваҳшиёна душманро пушаймон хоҳад кард ва афзуд, “миллати Эрон ва масъулони кишвар дар баробари ин ҷиноят сукут нахоҳанд кард”.

Президенти Эрон гуфт, ки ҳамлаи ваҳшиёнаи режими Исроил бар хилофи тамоми муоҳидаҳои байналмилалӣ сурат гирифта, нишонаи таҷовуз ва ишғолгарии режими Исроил аст.

“Посухи қонунӣ ва неруманд ба ин иқдоми аҳмақона душманро сахт пушаймон хоҳад кард. Имрӯз беш аз ҳар замоне миллат ба ваҳдату иттиҳоду эътимод ба якдигар ниёз дорад ва бо ёрии Худо ба ин ҷиноят ҷавоби сангин ва хирадмандона хоҳем дод” – таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Ӯ афзуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот дар ҷаҳон ва минтақа буда ва омодагии комили худро барои музокирот нишон додааст, вале дар баробари таҷовуз ва дифоъ аз тамомияти арзии худ ба таври қатъӣ амал хоҳад кард.

Президенти Эрон аз мардумаш хост, ки бо ҳифзи иттиҳод ва эътимод ба масъулон ба ҷангҳои равонии душман таваҷҷуҳ накунанд.

“Мо ин итминонро медиҳем, ки давлат тамоми тавон ва имконоти худро барои хизмат ба миллат сафарбар карда, иҷозаи халал дар ҳаёти умумиро нахоҳад дод”- гуфт Масъуд Пизишкиён.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.