Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Дар хабарҳои фаврӣ: Эҳтимоли шаҳодати Сардор Саломӣ ва чанде аз шахсиятҳои дигар дар ҳамлаи ҳавоии Исроил
Бар асоси хабари таъйиднашудаи хабаргузории давлатии “ИРНА”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои Исроил Сардор Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳ кушта шудааст. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки доктор Теҳрончӣ, раиси Донишгоҳи озод ва Фаридун Аббосӣ, собиқ раиси Созмони энержии ҳастаии Эрон низ шояд дар ҳамин ҳамла ҷон бохтаанд.
Ин хабарҳо то ҳол аз ҷониби манобеи расмии Ҷумҳурии Исломӣ расман таъйид нашудаанд. Хабаргузории ИРНА бо истинод ба манобеи худ мегӯяд, ки ҳодиса субҳи имрӯз рух дода, ҷузъиёти он ҳанӯз дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад.
Ба гуфтаи манобеи огоҳ, ҳамла метавонад дар натиҷаи як амалиёти махфии низомии Исроил сурат гирифта бошад, ки ҳадафи он шахсиятҳои калидӣ дар сохторҳои илмӣ ва низомии Эрон будааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд