Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти вазирони илм, технология ва инноватсияи Чин ширкат намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти дуюми вазирони илм, технология ва инноватсия, ки дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии “Як камарбанд, як роҳ” рӯзи 11-уми июн ифтитоҳ шуд, ширкат доранд. Дар ин бора Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин нишаст 11-уми июн дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ гардид ва дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои минтақа, ҳамчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмӣ ширкат доранд.
Нишасти мазкур яке аз сарчашмаҳои муҳимми байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва техникӣ дар миёни кишварҳо арзёбӣ мегардад. Ҳадафи асоси он густариши робитаҳои шарикӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва инноватсия, рушди лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ ва мубодилаи дастовардаҳои пешрафта дар бахши технологияҳои муосир мебошад.
Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст ҳамчун қадами устувор дар амалӣ намудани сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ мешавад, ки ба ҳамгироӣ дар равандҳои байналмилалии илмӣ ва таълимӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар муколамаҳои илмии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сергей Лавров: “Дабири кулли СММ ба манфиати кишварҳои аврупоӣ кор мекунад”
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Мақоми эронӣ: Трамп намедонад аз музокирот бо Эрон чӣ мехоҳад
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард