Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Халилзод: “Ӯзбекистон дар пайи барномарезии робитаҳои иқтисодии қавитар бо Толибон аст”
Намояндаи пешини Президенти Амрико Зулмай Халилзод мегӯяд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пайи барномарезӣ барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии қавитар бо Толибон аст.
Ӯ аз сафари ахири ҳайати гурӯҳи террористии Толибон ёдовар мешавад, ки ба Тошканд сафар намуда, бо президенти Ӯзбекистон мулоқот намуданд. Вазири саноат ва тиҷорати гурӯҳи террористии Толибон чанд рӯз қабл бо ҳайате ба Тошканд сафар намуда, бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидор ва равобити дуҷонибаро баррасӣ намуд.
Изҳори назарҳои Зулмай Халилзод дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси Толибон хашми ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистонро барангехтааст. Гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон мегӯянд, ки Зулмай Халилзод бо сафеднамоӣ дар пайи лобигарӣ ба манфиати гурӯҳи террористии Толибон кор мекунад.
Зулмай Халилзод дар чандин маврид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки роҳи таомул бо гурӯҳи террористии Толибонро бикушоянд. Ин дархостҳои пай дар пайи Зулмай Халилзод сиёсиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистонро водор намудааст, ки бар зидди ӯ мавқеъгирӣ намоянд.
Зулмай Халилзода тарроҳи сулҳи Давҳа бо Толибон аст, ки боиси фурӯпошии ҳукумати Ашараф Ғанӣ ва ба сари қудрат омадани гурӯҳи террористии Толибон шуд. Роҳбарони сиёсии Афғонистон борҳо гуфтаанд, ки Халилзод бо канор гузоштани ҳукумати вақти Афғонистон дар раванди сулҳ бо Толибон заминаи фурӯпошии ҳукуматро фароҳам кард.
Бар асоси созишномаи сулҳи Давҳа Толибон бояд бо хуруҷи неруҳои амрикоӣ бо ҳукумати Афғонистон сари мизи гуфтугӯҳо нишаста, дар бораи ташкили ҳукумати фарогир музокирот анҷом медоданд. Аммо бо хуруҷи неруҳои хориҷӣ, аз ҷумла неруҳои амрикоӣ ва НАТО Толибон паймоншиканӣ намуда, аксари манотиқи Афғонистонро тасарруф намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд