3 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:37, Душанбе
09.06.2025 16:01

Боздошти даҳҳо нафар барои адои намози Иди Қурбон дар Афғонистон

Гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Дойкундии Афғонистон даҳҳо нафарро барои барпо кардани намози ид дар рӯзи ҷумъа боздошт кардаанд.

Толибон бар хилофи дигар кишварҳои исломӣ намози Иди Қурбонро як рӯз баъд, рӯзи шанбе адо намуданд.

Бар асоси гузориши расонаҳои афғонистонӣ Толибон даҳҳо нафар сокинони вилояти Дойкундии Афғонистон, аз ҷумла имом ва ашхосе, ки рӯзи ҷумъа намози Қурбонро адо кардаандро, боздошт намуданд.

Боздоштҳои гурӯҳӣ барои адои намози ид дар вилояти Дойкундӣ ва ноҳияи Аштарлӣ сурат гирифтааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ тасдиқ намуданд, ки ҳарчанд баъзе аз боздоштшудаҳо баъди чанд соат раҳо шуданд, аммо тақрибан 50 нафар ҳанӯз дар боздоштгоҳи Толибон нигоҳ дошта мешаванд.

Имсол Толибон бар хилофи анъанаи суннатии мардуми Афғонистон ва бисёре аз кишварҳои исломӣ, ба мисли Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанберо рӯзи Иди Қурбон эълон намуданд. Ин дар ҳоле буд, ки дар аксари кишварҳои исломӣ намози Иди Қурбон ва қурбонӣ рӯзи ҷумъа анҷом дода шуд. Толибон эълон намуданд, ки адои намози ид дар рӯзи ҷумъа нодуруст аст. Ин иқдом боиси норозигии шадиди мардуми Афғонистон шуд.

Дар мухолифат ба иқдоми Толибон дар бархе минтақаҳо, аз ҷумла Дойкундӣ мардум бо пайравӣ аз суннатҳои гузашта ва мувофиқ ба тақвими Арабистони Саудӣ намози Иди Қурбонро барпо намуданд. Ин амал боиси вокуниши шадиди Толибон шуд ва онҳо намозхонон ва руҳониёни маҳаллиро боздошт карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.