Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Дейли Майл: “Дастёбии Толибон ба технологияи сохти дронҳои интиҳорӣ таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои минтақа аст
Рӯзномаи “Daily Mail” хабар дод, ки гурӯҳи террористии Толибон ба технологияи сохти ҳавопаймоҳои бесарнишин даст ёфта, дронҳои дурпарвози интиҳорӣ сохтаанд, ки метавонад берун аз марзи Афғонистон ба ҳадаф ҳамла кунад.
Ба навиштаи рӯзнома Толибон ин дронҳоро бо истифода аз мутахассисони хориҷӣ сохтаанд.
Ин дронҳо дар пойгоҳи Кампи Феникс дар атрофи шаҳри Кобул сохта мешаванд, ки қаблан дар зери назорати неруҳои амрикоӣ буда.
Дар гузориш зикр мешавад, ки гурӯҳи террористии Толибон дронҳои худро дар пойгоҳе дар Лугари Афғонистон озмоиш кардаанд. Ин пойгоҳ қаблан дар зери назорати неруҳои британиягӣ қарор дошт.
Тибқи гузориши рӯзнома Толибон барои сохтани садҳо дрон мутахассисони хориҷиро ҷалб кардаанд, ки ин масъала боиси нигаронии ҷиддии ниҳодҳои амниятии кишварҳои ғарбӣ шудааст. Гуфта мешавад, дар миёни ин муҳандисон афроде ҳузур доранд, ки собиқаи ҳамкорӣ ва узвияти гурӯҳи террористии Ал-Қоидаро доранд.
Ишора шудааст, ки дар барномаи сохти дронҳои интиҳории Толибон мутахассисони Туркия, Русия, Чин, Беларус ва Бангладеш иштирок доштаанд. Рӯзнома бо такя ба манобеаш навишт, ки бо барномаи сохтани дронҳо мутахассисони Русия ва Чин аз наздик кор мекунанд.
Барномаи сохти дронҳои Толибон ду сол қабл оғоз шуда, дар ҳоли ҳозир “қобилиятҳои он ба таври назаррас” афзоиш ёфтааст. Озмоиши аввалин намунаҳои дронҳои интиҳорӣ дар пойгоҳе дар вилояти Лугар аллакай анҷом шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳатто ахиран дар ҳамлае ба минтақаи марзии Покистон аз дронҳои интиҳорӣ истифода шудааст.
Тибқи гузориш ниҳодҳои ҷусусии ғарбӣ аз дастёбии Толибон ба технологияи сохтани дронҳо шадидан нигаронанд ва иртиботи бархе аз муҳандисони барномаи дронҳо ба шабакаи террористиии Ал-Қоида нигаронии онҳоро бештар кардааст.
Рӯзнома сохтани дронҳои интиҳорӣ аз сӯйи Толибонро таҳдиди нави ҷиддӣ ба кишварҳои минтақа ва ҳамсояи онҳо хондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард