Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Чорабиниҳои пешаздаъватӣ роҳандозӣ шавад. Даъват ба Артиш сифатан беҳтар мешавад
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ барои ҷамъбасти маъракаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2025 доир гардид.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур масъалаи фаъолияти комиссариатҳои ҳарбӣ, кори комиссияҳои даъват, раванди хизмати афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбиву сафи ҷузъу томи низомӣ ва ҳамзамон хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарии Артиши миллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, зимни таҳлили даъвати баҳории шаҳрвандон, ки пеш аз муҳлат иҷро шуд, иброз гардид, ки бо мақсади боз ҳам сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамчунин, доир ба ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ ва машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ бо ҷалби шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бошад, таъкид карда шуд, ки ҳангоми баргузории ин гуна ҷамъомаду машғулиятҳои таълимӣ ба масоили муайян намудани теъдоди мушаххаси захираҳои сафарбарӣ, қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод
Мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Фаластин шикаст хурд