3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:01, Душанбе
09.06.2025 11:21

Аббос Ироқчӣ ба Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир дар бораи “як хатои стратегӣ” ҳушдор дод

Дар пайи коҳиши суръати музокироти Эрон бо Амрико ва талаби Амрико барои қатъи ғанисозӣ Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои Олмон, Фаронса ва Британияи Кабир ҳушдор дод, ки аз содир кардани “як хатои стратегӣ” худдорӣ кунанд.

Ҳушдори Аббос Ироқчӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст рӯзи 9-уми июн Шурои мудирони Агентии байналмилалии атомӣ дар мавриди Барномаи ҳастаии Эрон ҷаласа баргузор намуда, дар ин бора қатънома содир кунад. Ин ниҳоди байналмилалӣ чанде қабл дар гузориши худ зикр кард, ки дар бархе муассисаҳои атомии Эрон нақзи уҳдадориҳоро мушоҳида кардааст.

Дар пайи ин изҳорот Вазорати корҳои хориҷии Эрон вокуниш нишон дод ва гуфт, ки мушоҳидаи осори ғанишуда дар бархе муассисаҳои марбут ба Барномаи атомии Эрон “дасисакорӣ” буда ва мақомоти кишвар маншаи онро кашф кардаанд.

“Пас аз солҳо ҳамкории хуб бо Агентии байналмилалии атомӣ, ки ба қабули қатъномаи хотимавии иттиҳомҳои беасоси вобаста ба ҷанбаҳои эҳтимолии низомии Барномаи атомии сулҳомези Эрон анҷомид, кишвари ман дубора ба нақз ва риоя накардан муттаҳам мешавад”- зикр кард Аббос Ироқчӣ дар шабакаи иҷтимоии “Х”.

Ӯ  гуфт, ки се кишвари аврупоӣ ба ҷойи амали нек дар Шурои мудирони Агентии байналмилалии атомӣ мехоҳанд “бар зидди Эрон иқдоми ғаразнок” амалӣ кунанд.

“Ҳамин рафтори ғалати ин се кишвар дар соли 2005 сабаби оғози воқеии ғанисозии уран дар Эрон гардид. Оё воқеан ин се кишвар дар ду даҳсолаи гузашта ҳеч дарсе наомӯхтаанд?”- гуфт Аббос Ироқчӣ.

Аббос Ироқчӣ афзуд, далелҳои беасоси нақзи уҳдадориҳо аз ҷониби Эрон бо такя ба гузоришҳои зариф ва сиёсатзада бо мақсади эҷоди буҳрон сурат мегирад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.