3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:49, Душанбе
09.06.2025 09:51

Губернатори музофоти Шэнсии Чин аз Минтақаи озоди иқтисодии Данғара боздид кард

Роҳбарияти ҳукумати музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин ба Данғара сафар намуда, ба имконият ва зарфиятҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолии ин минтақа шинос шуданд. Дар ин бора мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар додаанд.

Тибқи иттилоъ, Ҷао Ган, губернатори Ҳукумати музофоти Шэнсии Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҷараёни сафар бо фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара шинос шуд.    

Дар ҷараёни боздид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақа, инфрасохтори муҳайёшуда, имтиёзҳои сармоягузорӣ, ҳамчунин, чорабиниҳои дастгирии давлатӣ ба соҳибкорон иттилооти мафассал пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни боздид ҳайати мақомоти музофоти Шэнсии Чин бо ҷараёни истеҳсолот, иқтидори технологӣ ва дурнамои рушди корхонаҳои чиние, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара фаъолият мекунанд, шинос шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот бо роҳбарияти МОИ Данғара дурнамои ҳамкориро дар самтҳои рушди саноат, бахши сохтмон, коркарди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои нави муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.

Роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии Данғара барои густариш додани ҳамкориҳои иқтисодии минбаъда, татбиқи лоиҳаҳои нав  ва фароҳам кардани шароити мусоиди сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.