Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Эрон ба санадҳои маҳрамонаи атомии Исроил даст ёфтааст
Расонаҳои эронӣ хабар доданд, ки Созмони иттилооти ин кишвар ба ҳаҷми зиёде аз иттилоот ва асноди роҳбурдии вобаста ба Барномаҳои атомии Исроил даст ёфтаанд. Асноди маҳрамонаи дастрасшуда аз Исроил хориҷ шуда, ба Эрон оварда шудааст.
Хабаргузории Тасним бо такя ба манобеи огоҳ хабар дод, ки Созмони иттилооти Эрон ҳазорон асноди муҳимми Барнома ва муассисаҳои атомии Исроилро ба даст овардааст ва бо сабаби зиёд будани миқдори он муддати зиёд барои мутолеа ва баррасии он зарур аст.
Расонаҳои исроилӣ низ бо нашри хабар аз сирқати аснод ва файлҳои маҳрамонаи Барномаи атомии Исроил гузориш додаанд.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки 17 рӯз қабл Созмони амнияти дохилии Исроил ду ҷавони 21-сола, бо номҳои Рои Мизрахи ва Алмут Итисёро барои ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кард. Ин ду нафар сокини шаҳри Нешер дар Шимоли Исроил мебошанд.
Ин ду нафар гумонбар ба ҷосусӣ ба манфиати Эрон баъди хуруҷи муфаққонаи асноди маҳрамонаи Исроил боздошт шудаанд.
Бар асоси гузориш, ҳарчанд амалиёти дастёбӣ ба асноди маҳрамона қаблан анҷом дода шуда буд, аммо расонаҳои эронӣ ба хотири интиқоли амн ва бехатари он аз расонаӣ намудани он худдорӣ карданд. Шумораи аснод ва видеоҳои маҳрамонаи вобаста ба Барномаи атомии Исроил хеле зиёд аст ва мақомоти амниятии Эрон гуфтаанд, барои арзёбии он вақти бештар лозим аст.
Мақомоти исроилӣ ҳанӯз хабари ғорат шудани асноди маҳрамонаи Барномаи атомии Исроилро тасдиқ накардаанд. Вале дар тайи чанд моҳи ахир шаҳрвандони исроилӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Эрон боздошт шудаанд. Чанд моҳи гузашта як тоҷири исроилӣ ба хотири ҷосусӣ аз сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу боздошт шуд ва дар додгоҳ тасдиқ кард, ки ба манфиати Эрон ҷосусӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд