3 Ноябр 2026,
сешанбе, 15:48, Душанбе
06.06.2025 09:52

Робитаҳои Деҳлии нав бо Толибон тадриҷан “одисозӣ” мешавад

Рӯзномаи ҳиндии “Эканомика таймз” дар гузорише навишт, ки нишонаҳои одисозии равобити Ҳинд бо гурӯҳи террористии Толибон зоҳир шудааст.

Ин рӯзнома навишт, ки гуфтугӯи телефонии ахири мақомоти ҳиндӣ бо Толибон, аз сар гирифтани барномаи додани раводид ба шаҳрвандони Афғонистон, иҷозаи транзити мошинҳои борбари Афғонистон ба Ҳинд далели возеҳи беҳ шудани робитаҳои Ҳинд бо Толибон аст.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки Ғарб барои пешгирӣ аз тасаллутёбии комили Чин ба Афғонистон, аз робитаҳои наздики миёни Ҳинду Толибон истиқбол кунад.

Ба гузориши рӯзнома бо афзоиши танишҳо миёни Ҳинд ва Покистон Деҳлии нав бо содир кардани муҷаввизи вуруди беш аз 150 мошини борбарии меваҳои хушки Афғонистон паёми мусбат ва  маънодор ба Толибон додааст.

Бо ишора ба робитаҳои таърихӣ ва деринаи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Ҳинду Афғонистон рӯзнома навишта, ки Афғонистон дар назди Ҳинд ҷойгоҳи вижа дорад.

Одӣ шудани робитаҳои Ҳинд бо гурӯҳи террористии Толибон, ки дар гузашта муттаҳиди рақиби деринаи Ҳинд –Покситон буд, хашми мақомоти покистониро барангехтааст. Мақомоти покистонӣ Ҳиндустонро дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористии зидди Покистон муттаҳам мекунад.

Ҳиндустон дар ибтидои ба қудрат расидани Толибон сафораташ дар Кобулро баст ва додани раводид ба шаҳрвандони Афғонистонро низ қатъ кард. Аммо дар тайи моҳҳои гузашта бо тамосҳои мақомоти ардаши ҳиндӣ бо Толибон нишонаҳои беҳбуди равобит мушоҳида мешавад.

Ин рӯзнома менависад, ки бо вуҷуди талошҳои Чин барои миёнҷигарӣ кардан миёни Покистон ва Толибон робитаҳои онҳо пуртаниш боқӣ хоҳанд монд.

Ин рӯзнома навиштааст, ки ҳамроҳ кардани Толибон дар раванди сиёсатҳои минтақавӣ амри раднопазир аст ва Ғарб аз робитаҳои наздики Ҳинду Толибон бояд истиқбол кунад. Ин рӯзнома ба Ғарб ҳушдор медиҳад, ки робитаи Ҳинд бо Толибон ягона монеаи аслӣ барои пешгирии нуфузи Чин дар Афғонистон аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:57

Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад

Муҳаммад Акраминиё, сухангӯи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар сурати ҳамлаи дубораи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрон бо вокуниши фаврӣ, шадидтар ва густурдатар аз гузашта посух хоҳад дод.
03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.