Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Солеҳ аз Трамп хост барои зарба задан ҳар ҳафта беш аз 49 млн доллар ба Толибон пул нафиристад
Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон ба президенти Амрико муроҷиат намуда, гуфтааст, ягона коре, ки метавонад ба Толибон зарба занад, қатъ кардани кумакҳои молиявии ҳафтавори 40 то 60 миллион долларии Амрико мебошад. Ӯ гуфт, ки мамнуияти сафари хориҷии мақомоти Толибон як иқдоми бефоида ва бетаъсир аст.
Амруллоҳ Солеҳ дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “Х” бо нашри муроҷиат ба президенти Амрико афзуд, чунин кумакҳо бо арзишҳо ва шиорҳое, ки Амрико аз онҳо дифоъ мекунад, дар тазод аст.
“Ин кумакҳои пулӣ, ки ҳар ҳафта ба Толибон дода мешавад, бо ҳар шиоре, ки шумо сар медиҳед, бо ҳар арзише, ки иддао доред аз он дифоъ мекунед, мухолифат дорад” – зикр кард Амруллоҳ Солеҳ.
Ӯ мамнуъ будани сафари роҳбарони Толибонро “тадбири бемантиқ” хонд: “Ҳеч парвозе миёни Кобул ва Ню-Йорк вуҷуд надорад ва то ба ҳол низ вуҷуд надоштааст. Қарори мамнуият фақат барои сарлавҳаи расонаҳо хуб аст”.
Амруллоҳ Солеҳ қаблан низ иттилоъ дод, ки чопи пули нақд, фиристодани кумакҳои ҳафтаина, нашри шиноснома ва азсаргирии лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ чор навъ кумаки махфии Амрико ба Толибон аст.
Амруллоҳ Солеҳ ҳамчунин, фош кард, Амрико 250 миллиард афғонӣ (3, 6 миллиард доллар) –ро, ки дар замони ҳукумати Ашраф Ғанӣ чоп шуда буд, ба суратҳисоби Толибон интиқол додааст.
Тим Бурчетт, узви Маҷлиси намояндагони Амрико чанде қабл гуфта буд, ки ҳар ҳафта беш аз 40 миллион доллар аз ҳисоби молиётдиҳандагони Амрико ба Толибон ирсол мешавад. Вазорати хориҷаи Амрико низ тасдиқ карда буд, ки ҳар 10 то 14 рӯз тақрибан 80 миллион доллари нақдина ба Афғонистон ворид мешавад.
Кумакрасонии пинҳонии Амрико ба Толибон дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки чанде қабл Сергей Лавров аз талошҳои кишварҳои ғарбӣ ва Амрико барои бозгашти дубора ба Афғонистон сухан гуфта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард