3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:55, Душанбе
04.06.2025 11:40

100 тонна гелоси Панҷшер ба Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон содир мешавад

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Панҷшер мегӯянд, ки дар нақша доранд 100 тонна гелоси Панҷшерро ба бозорҳои Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон  содир кунанд.

Бар асоси иттилоъ бо супориши волии Панҷшер Ҳофиз Муҳаммадоғо Ҳаким раёсати Вазорати саноати Афғонистон бо соҳибкорон ва деҳқонони Панҷшер мулоқот намуд ва дар ин нишаст тасмим гирифта шуд, ки гелоси Панҷшер ба хориҷа содирот шавад.

Соли гузашта бо талоши мақомоти маҳаллӣ гелоси Панҷшер ба Ҳиндустон содир шуд, аммо имсол бо сабаби таҳаввулоти минтақа нархи гелос арзон шуд. Бо ин ҳол, иқдоми саривақтии ҳукумат боис шуд, ки содироти гелос ба кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз шавад.

Дар ҳамин ҳол боғпарварони Панҷшер аз талошҳои роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ карда, мегӯянд, ки соли гузашта тавонистанд гелосро ба арзиши 360 миллион афғонӣ ба фурӯш расонанд. Онҳо мегӯянд, ки имсол бо таваҷҷуҳ ба иқдоми саривақтии мақомот содироти гелос ба кишварҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Маскав ба шакли беҳтар ҷараён дорад. Соҳибкрони Панҷшер гуфтаанд, ки имкониятҳои зиёде дар робита ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

03.11.2026 13:49

Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд

Шарифзода Юсуф Тоир, Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорати дуҷониба ва афзоиши сармоягузорӣ дар миёни Тоҷикистон ва Покистон шудааст.
03.11.2026 13:12

Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард

Рӯзи 2-юми ноябр намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии халқӣ-демократии Лаос дар шаҳри Вентян масъалаҳои таҳкими муколамаи байниҳукуматӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиро баррасӣ намуданд.
02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.